Ба ноҳияи Деваштич 13 адад трактори гуногунтамға, 1 адад экскаватор ва 29 адад мошинолоти кишоварзӣ дастрас гардид

Июнь 22, 2022 13:54

ДУШАНБЕ, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 июн ба хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич дар доираи татбиқи лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» 13 адад трактори гуногунтамға, 1 адад экскаватор ва 29 адад мошинолоти кишоварзӣ супорида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дар маросими супоридани техникаҳои кишоварзӣ ба аҳолӣ муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, масъулини Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», роҳбарият ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии кишоварзӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Деваштич ва Шаҳристон амалӣ гардида истодааст.

Ҳадафи лоиҳа мусоидат ба рушди иқтисодӣ, беҳтар намудани дастрасии ҷомеа ба инфрасохтори истеҳсолии хизматрасонӣ, афзун намудани дастовардҳои соҳа ва дар натиҷа баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.

Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба хоҷагиҳое, ки дар доираи лоиҳаи болозикр соҳиби техника ва мошинолотҳо гардиданд, супориш доданд, ки дар мавсими кишту кори зироатҳои кишоварзӣ техникаҳоро самараноку мақсаднок истифода бурда, саҳми худро дар рушди соҳаи кишоварзӣ гузоранд.

Мавриди зикр аст, ки аз оғози татбиқи лоиҳа тибқи дархост ва зерлоиҳаҳои мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ба ноҳияи Деваштич 40 трактори гуногунтамға, 8 комбайн, 1 экскаватор ва зиёда аз 100 мошинолоти гуногун дасрас гардидааст. Инчунин дар доираи лоиҳа ҳамзамон дар деҳаи Хуштоири Мухлони ноҳия як адад чоҳи амудӣ кофта, ба истифода дода шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 22, 2022 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст