Боғдорони вилояти Суғд беш аз 5000 тонна мева ба Русия ва Қазоқистон содирот намуданд
ДУШАНБЕ, 14.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои нисбатан гарми вилояти Суғд ҷамъоварии меваҷот оғоз ёфта, аз аввали мавсими ҷамъоварӣ то имрӯз боғпарварони вилоят беш аз 5000 тонна мева ба Русия ва Қазоқистон содирот намудаанд. Дар ин бора корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
13 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» боздид намуда, бо вазъи кор дар қитъаи боғҳои себ, зардолу ва бодоми боғи мазкур аз наздик шинос шуд ва барои ҷамъоварии ҳосили пухтарасида, махсусан зардолуву гелос ва банду басти он ба масъулин тавсияҳо дод.
Таъкид карда шуд, ки коргарони «Боғи миллии Ваҳдат» ҳамасола миқдори зиёд меваҳои хуштамъро ҷамъоварӣ ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ мекунанд. Соли ҷорӣ низ онҳо ҳосили хуб рӯёнда, меваҳои хушсифатро вориди бозорҳои вилоят намуданд.
Бояд гуфт, ки Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 2008 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, масоҳати умумии боғҳои он 631 гектарро ташкил медиҳад.
Хоҷагидорон бо риояи пурраи маданияти истифодабарии замин ба парвариши зардолу, шафтолу, себ, гелос, олу ва дигар навъи дарахтони мевадиҳанда машғуланд.
Раиси вилоят ҳамчунин аз боғу токзори ҶДММ «Зерновая компания» ва соҳибкори инфиродӣ Дадохон Очилов, ки дар Ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир аст, дидан намуда, ба фаъолияти боғдорон баҳои баланд дод.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд






