БОРИ АВВАЛ ДАР 30 СОЛ! Ид дар перрон: дирӯз қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Тошканд раҳсипор шуд
ДУШАНБЕ, 21.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 20 июн, баъд аз 30 соли таваққуф нахустин қатораи мусофирбар аз шаҳри Душанбе ба самти Тошканд равона гардид. Дар маросими ифтитоҳи хатсайри қатораи мусофирбар дар масири Душанбе-Тошканд-Душанбе Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ медиҳад.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар маросими гусели мусофирон ин руйдодро барои мардуми ҳар ду кишвар фараҳбахшу муҳим арзёбӣ намуда, зикр кард, ки роҳандозии ҳаракати қатораҳои мусофирбар дар масири Тоҷикистон ва Узбекистон натиҷаи саъю талошҳои Сарварони ҳар ду давлати ҳамсоя муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев мебошад.
Мавсуф афзуд, ки дар баробари ҳаракати қатораҳо, ҳамлу нақли мусофирбарӣ дар оянда тариқи автобусҳо низ ба роҳ монда шуда, феълан корҳо барои ифтитоҳи хатсайрҳои ҷадид идома доранд.
Тибқи иттилои масъулини Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», қатора ҳар ҳафта аз шаҳри Душанбе рӯзҳои душанбе, соати 18:30 ҳаракат карда, рӯзи сешанбе соати 13:43 ба шаҳри Тошканд мерасад. Қатораи мусофирбар дар масири Душанбе –Тошканд 916 км роҳро дар зарфи 21 соат тай намуда, ба пойтахти Узбекистон шаҳри Тошканд мерасад. Нархи чипта аз 370 сомонӣ дар як самт бо назардошти тахфиф вобаста ба вақти фурӯш муқаррар шудааст.
Қатораи мусофирбар дар масири Душанбе-Тошканд-Душанбе шаҳру ноҳияҳои Деҳнав, Шурча, Бойсун, Деҳқонобод, Қаршӣ, Мароканд, Самарқанд, Ҷиззах, Зомин ва Гулистонро убур намуда, мусофирон соати 13:43 дақиқа ба шаҳри Тошканд мерасанд.
Қатора соати 16:15 дақиқа бо ҳамин масир ба шаҳри Душанбе бармегардад. Ёдовар мешавем, ки ҳаракати қатораи мусофирбар дар масири «Душанбе — Тошканд — Душанбе» баъди чанд муддати таваққуф, боз аз нав барқарор гардид. Эҳёи иртибот аз тариқи роҳи оҳан миёни кишварҳо пас аз мулоқоти Сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, рӯзи 2 июни соли 2022 дар Тошканд эълон шуд.
АКС аз манбаъҳои боз









Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






