Дар басти якум 2588 нафар кӯдакону наврасони Душанбе ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
ДУШАНБЕ, 14.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 14 июни соли 2022 дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 23 майи соли 2022 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2022» барои хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт басти якуми истироҳат оғоз гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.
Истироҳатгоҳҳои берунишаҳрии «Орзу»-и ноҳияи Фирдавсӣ, «Шарора»-и ноҳияи И.Сомонӣ, «Гулхан»-и ноҳияи Сино ва «Зимчуруди»-и ноҳияи Шоҳмансур ба фаъолият шурӯъ намуда, 948 нафар, аз ҷумла 750 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 118 нафар ҳайати омӯзгорӣ ва кормандони техникӣ ва 80 нафар тарбиягирандагони Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанберо ба оғӯш мегиранд.
Дар 37 майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ бо фарогирии 1540 нафар хонандагон басти якуми истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе оғоз гардид, ки то 25 июни соли 2022 идома меёбад.
Дар маҷмӯъ, дар басти якум 2588 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе












Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд






