Дар Душанбе Лоиҳаи «Ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта дар Ҷанубу Шарқ ва Ҷануби Осиё, инчунин Осиёи Марказӣ» баррасӣ гардид

Июнь 15, 2022 17:02

ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе натиҷаҳои татбиқи Лоиҳаи «Ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта дар Ҷанубу Шарқ ва Ҷануби Осиё, инчунин Осиёи марказӣ» доир гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  дар кори он муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода, сардори Раёсати ҳамкории намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Марк Бучманн, мудири бахши ҳифзи муҳити Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Руслана Сирман, намояндагони вазорату идораҳо ва дигар коршиносони соҳа иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки Лоиҳаи мазкур аз декабри соли 2017 то декабри соли 2022 идома ёфта, мабалағгузори он Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мебошад.

Лоиҳа мазкур дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Б.Ғафуров, Бӯстон, Деваштич, Душанбе, Дӯстӣ, Фархор, Ҳамадонӣ, Ҳисор, Исфара, Истаравшан, Ҷайҳун, Конибодом, Хоруғ, Кӯлоб, Кӯшониён, Левакант, Муъминобод, Н. Хисрав, Панҷ, Панҷакент, Қубодиён, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Шаҳритус, Спитамен, Турсунзода, Ваҳдат, Варзоб, Восеъ ва Зафаробод татбиқ шуда, то имрӯз тавассути он 10 500 нафар кӯдакони оилаҳои муҳоҷирон бо  шаҳодатномаи таваллуд ва 536 нафар чунин кӯдакон бо  шиноснома таъмин шудаанд. Ба 6357 нафар кӯдакони чунин оилаҳо барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ кӯмаки молиявӣ ва ба 614 нафар кӯдакон хидматрасонии омодасозии парвандаҳо расонида шуд. Ҳамзамон  ба 3000 чунин оилаҳо дар давраи авҷи бемории Ковид-19 кумаки якдафъаинаи пулӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин Лоиҳа барои тақвияти иқтидори 6 шуъбаи кумаки иҷтимоӣ ва хонаҳои пиронсолон ва марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ёрӣ расонида  шуда, 586 нафар масъулини сохторҳои маҳаллӣ оид ба омодасозии парвандаҳоба омӯзиш ҷалб гардиданд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

Июнь 15, 2022 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд