Дар Душанбе масъалаи густариши равобити Маҷлиси намояндагон бо ниҳодҳои тобеи СММ баррасӣ шуд

Июнь 13, 2022 16:25

ДУШАНБЕ, 13.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо сардори Раёсати Комиссари Олии Созмони Миллаи Муттаҳид (СММ) оид бапаноҳандагон Мулугета Зевди мулоқот намуд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ҷараёни ин мулоқот масъалаҳои густариши равобити Тоҷикистон, бахусус Маҷлиси намояндагон бо тамоми ниҳодҳои тобеи СММ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дилрабо Мансурӣ дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз саҳми  СММ дар барқароркунии сулҳу  субот  миёни  тоҷикон  ёдовар шуда, иброз  дошт, ки ин созмони байналмилалӣ дар ҳалли тамоми масъалаҳои  доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ  нақши арзанда мегузорад. Вай талошҳои ниҳодҳои тобеи СММ-ро дар ҳалли масъалаҳои ихтилофангез  миёни кишварҳои  минтақа ва ҷаҳон  муассир маънидод кард.

Мулугета Зевди ибрози умедворӣ кард, ки раёсати Дилрабо Мансурӣ дар ин мақоми олии қонунгузори Тоҷикистон заминаи мусоиде барои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо ҳамаи бахшҳои  СММ  ба  вуҷуд хоҳад овард.

Акс: МН МО ҶТ

Июнь 13, 2022 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид