Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
ДУШАНБЕ, 27.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар дунё аз ҳама калимаҳои серталаб, пурмаъно ва ба истилоҳ муқаддас, ин калимаҳои «Ваҳдат» ва «Сулҳ» аст. Хусусан дар шароити имрӯзаи авзои сиёсии ҷаҳонӣ, ки зарурат ба он доранд. Ҳама давлатҳоро лозим аст, ки гирди ҳам бошанд ва сулҳу ваҳдати дохилии худро пойдор нигоҳ доранд. Ҳамин аст, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» қатънома қабул гардид.
— Бояд гуфт, ки тоҷикон дар таърихи давлатдории миллии худ аз ин неъмат ва муқаддасотро бархӯрдоранд ва ҳар сол 27 июн санаи имзои Созишномаи сулҳ гуфта, он рӯзро чун рӯзи муқаддас ҷашн мегиранд. Дар ин замина барои кушодани мақсади матлаб кӯшиш менамоем сароғоз калимаҳои «Ваҳдат» ва «Сулҳ» – ро равшан намоем.
Тавре муҳаққиқон иброз менамоянд, ваҳдат бе истиқлолият наметавонад ва истиқлолият бе ваҳдат. Ин ҳарду падида дар навбати худ зодаи маърифат аст ва ҳеҷ кадоме бе дигаре комил буда наметавонад. Инҳо бақои миллат ва ваҳдат буда, ҳалқаҳои як занҷиранд, ки агар яке афтад, пайванд вайрон мешавад ва мурод ҳосил намегардад. Ҳадафҳо ва мақсади олие, ки фарогири манфиатҳои мулкиву миллӣ ҳастанд ва рӯи ин замина тарҳ мешаванд, талошу кӯшиши ба ин марраҳо расиданро таъмин менамоянд ва ҳамин талошу кӯшишҳо Ваҳдатро ба вуҷуд меоранд.
Ваҳдат барои миллати тоҷик ва тамоми башарият беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди давлат, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Ваҳдати тоҷикон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ намунаи ибрат буда, паёмест ба мамлакатҳои дигар. Имрӯз мавқею мақоми Ваҳдати мо дар миқёси ҷаҳон овозадор аст. Иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик ва таҷрибаи сулҳи офаридаи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ниҳоду ташкилотҳои илмию омавии ҷаҳон гардидааст. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, ҷумҳурии азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад.
Дар илми ҷаҳонӣ андешаҳо дар бораи сулҳ, ки моро ба мулоҳиза даъват мекунанд хеле зиёданд. Масалан, Юҳаннои Павел II таъкид менамояд, ки «Сулҳ атои Худост ва дар айни замон, вазифаи ҳама аст». Ба андешаи Эразмуси Роттердам «Сулҳи бадтарин аз ҷанги одилона беҳтар аст». Инчунин Фрай Луис де Леон шиор намудааст, ки «Сулҳ ҳадафест, ки одамон нияти худро ба он равона мекунанд ва некие, ки ҳама чиз ба он орзу мекунад». Ба андешаи мо, сулҳ, ин ормони зиндагӣ дар зери ливои хотирҷамъист, ки ҳама мавҷудоти олам дар ҷустуҷӯи онанд.
Ҳамин тариқ, ҳоло агар амрикоиҳо ва русҳо мошинҳои сабукрави худро ҷузъи ифтихори миллии худ шуморанд, мо тоҷикон маҳз ана ҳамин «Сулҳ» ва «Ваҳдат»-ро паҳнои ифтихори миллии худ мешуморем. Зеро ин гавҳари ноёб саҳлу сода ба даст наомадааст.
Башарият дар ҳама давру замон ҳар макон ҳамеша ба раҳнамои варзида ниёзманд аст, то, ки кӯтоҳтарин роҳи расидан ба ормонҳои худро ҳарчӣ зудтар тай намояд. Мо, имрӯз аз дирӯз зиёдтар ниёзманди раҳнамову дурнамо ҳастем. Руҳи миллатро болида нигоҳ доштан лозим аст. Ин рисолати азим бар дӯши давлатмардони давлату миллат аст. Дар ин асно саҳми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург аст. Зеро дар чунин як шароити ваҳими сиёсию иқтисодӣ бори гарони давлатдрориро ба дӯш гирифтан кори ҳар нафари бетаҷрибаю беҳавсала нест.
Дар кори сулҳи тоҷикон як таъкидоти таърихии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдрас менамоем, ки чунин садо дода буд: «Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик аст, ки чунин дастоварди азизу муқаддас миллати бофарҳангу ботамаддуни моро ҳамчун миллати ростин ва озодаву озодахоҳ ба арсаи олам муаррифӣ сохтааст».
Нияти неки Пешвои миллат дар чунин таъкидҳояшон, ки солҳои аввали роҳбарияшон баён намуда буданд, нуҳуфтааст ва аз ҳамон замон ба ҳамагон маълум буд, ки ин абармади арсаи сиёсат бо дили поку нияти соф даст ба кору дил ба Ёр аст ва ҳамеша мекӯшад, то халқи азизаш дар шароити хубу осоишта умр ба сар баранд.
Дар охири солҳои 80-ум ва аввали 90-ум ҷомеаи Тоҷикистон ба мухолифати тезутунд ва муноқишаи пурвусъат гирифтор шуд. Низоъҳои он давра, ки аксаран хислати тезутунд пайдо мекарданд, оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд. Аввалан, сабабҳои муноқишаҳо дар ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ оқибати пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ буда, ғояи асоси ин тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ, ташкили ҷумҳуриҳои худмухтори миллӣ ва аз байн рафтани ташкилотҳои худмухтори Шуравӣ, суқути низоми сиёсӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ ва идеологии Шуравӣ мебошад, ки тайи ҳафтод сол ба туфайли ҳокимияти марказии қавӣ ва дастгоҳи тавонои муҷозотӣ суботи умумиро дар ин Иттиҳоди абарқудрат таъмин менамуд.
Гуфтаҳои боло моро ба хулоса меоранд ва мо бояд дарк намоем, ки аломати муштараки тамоми муноқишоти қавмию сиёсӣ, аз ҷумла, дар ҳудуди пасошуравӣ маҷмуи сабабҳои сершумори сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳуқуқие ҳастанд, ки дар сатҳи объективӣ ва субективӣ, маҳз боиси чунин самти инкишофи муносибатҳои байнидавлатӣ, байнимиллӣ ва байнимазҳабӣ гардиданд.
Ноҳамвориҳое, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ сар зада буд, боиси хисороти иқтисодии зиёд ба давлат гардида буд, ки захми он то имрӯз дар бадани давлату миллат ниҳон аст. Масалан, мувофиқи ҳисобу китоби мутахассисон ҷанги таҳмилӣ ба иқтисодиёти мамлакат дар маҷмуъ беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зиёни моддӣ расонд, ки он замон 105 маротиба аз буҷаи соли 1995-и Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд буд. Зиёда аз 30 ҳазор хонаи истиқоматӣ сӯзонда, садҳо биною иншоот, корхонаю фабрикаҳо, муассисаҳои тиббӣ, мактабҳо ва идораҳои давлатӣ харобу валангор гардиданд. Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надорад, зеро бар асари он даҳҳо ҳазор модарон аз фарзандонашон, даҳҳо ҳазор занон аз шавҳаронашон маҳрум гардида, зиёда аз 55 ҳазор кӯдак ятим монд.
Доираҳои сиёсии хориҷӣ ва шарикони дохилии онҳо нақшаи қисмат намудани Тоҷикистонро тарҳрезӣ намуда, бо ҳамин роҳ аз байн бурдани давлати тоҷиконро ба нақша гирифта буданд.
Ҳамин тавр, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва пойдориву сулҳу суботи ҷумҳурӣ нақши калон гузошта, кӯшиш намуданд, то халқу миллати тоҷик дар он даврони пурҳасос, ки тамоми 15 ҷумҳурии собиқ Шуравӣ дар ҷӯшу хурӯши ҷангҳои дохилӣ ва парокандашавӣ буданд, миллати тоҷикро ба ҳам оварад ва ҳатто дар баромадҳояш иброз доштанд, ки то он даме ки як гуреза дар хориҷ аст, ман худро ором ҳис намекунам.
Дар зимн бояд гуфт, ки баҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин дастоварди миллати тоҷик, ва асосгузори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ормони ҳазорсолаҳои замони бедавлатии онҳо буд, бисёр баланд аст. Масалан, яке аз ходимони ҷаҳони сиёсат, Президенти Ҷумҳурии Сенегал Абдулло Воддӣ гуфтааст: «Тоҷикон халқи хушбахтанд, зеро Парвардигор ба онҳо чунин марди оқил ва дурандешеро ба ҳайси сарвар пуштибон додааст. Таҷрибаи сулҳофарии ӯ дар таърихи инсоният нодир аст».
Дар баробари ин кӯшишу талошҳои Президенти ҷумҳурӣ аҳли зиё, хизматчиёни давлатӣ ва тамоми аъзои ҷомеа худро бояд вазифадор донанд, ки ин осудагиро барои ҳамешагӣ дар ҷумҳурӣ ва барои мардуми тоҷику тоҷикистониён унсури ҳамешагии ҳаёташон гардонанд.
Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)» рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Аз ҳама муҳим он аст, ки ин санад дар остонаи таҷлили 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ қабул гардид. Ин рамзи он аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки бо сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, имрӯз аз доираи миллӣ гузашта, ҳамчун таҷрибаи арзишманд дар сатҳи байналмилалӣ мавриди эътироф қарор гирифтааст.
Қабули чунин қатънома танҳо як дастоварди дипломатӣ нест. Он эътирофи нақши фаъолонаи Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ, махсусан таҳкими сулҳ, пешгирии низоъҳо, рушди муколама ва ҳамкории байналмилалӣ мебошад.
Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ борҳо нишон дод, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки натиҷаи фарҳанги таҳаммулпазирӣ, ваҳдати миллӣ, муколама ва эҳтироми ҳамдигар аст. Маҳз ҳамин таҷриба имрӯз дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун намунаи арзишманд пазируфта мешавад.
Аз нигоҳи сиёсӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ, ин қатънома обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам таҳким бахшида, масъулияти ҷомеаи ҷаҳониро барои тарбияи наслҳои оянда дар руҳияи сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии осоишта тақвият медиҳад.
Ба андешаи ман, ин дастовард идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон буда, бори дигар нишон медиҳад, ки ҷумҳурии мо имрӯз на танҳо баҳрабардори сулҳ, балки саҳмгузори фаъоли таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ низ мебошад.
Ҳамин тариқ, дар асоси гуфтаҳои боло пешниҳод менамоем, ки бо мақсади таҳким ва рушди давлатдории миллӣ ва инчунин ҳамбастагию ҳамгироии қишрҳои гуногуни тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ «Консепсияи ҳифзи Сулҳу Ваҳдати миллӣ» қабул карда шавад, ки минбаъд дар асоси он, омӯзиш, пажуҳиш ва тарғибу ташвиқи он ба роҳ монда шавад. Мардум ҳамеша дар партави ваҳдат зиндагӣ намоянд. Зеро, мо, дигар «Сулҳ» ва «Ваҳдат» дорем. Қабули «Консепсияи ҳифзи Сулҳу Ваҳдат» дар шароити кунунӣ чун ҳуҷҷати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дар саросари ҷаҳон байни тоҷикон ва тоҷикистониён амрест воқеӣ ва саривақтӣ, ки тамоми қишрҳои ҷомеаро дар ҳифзи ин гавҳари ноёб сари ҳам ба як андеша меорад.
Сиёвуш НАБОТЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»








Қабули пешниҳоди навбатии Тоҷикистон аз ҷониби СММ рӯйдоди муҳимми фараҳбахш мебошад
Дар Донишгоҳи миллӣ аз саҳми намоёни Тоҷикистон дар густариши сулҳи ҷаҳонӣ ёдовар шуданд
Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба муносибати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон гузашти идона доир шуд
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон — ташаббускор ва таҳкимбахши сулҳ ва суботи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ» ҳамоиш доир шуд
ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАРУ СУЛҲПАРВАР — ИҚБОЛИ БАЛАНДИ МИЛЛАТ. Андешаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар дар ин хусус
Фарҳод Раҳимӣ: «Эмомалӣ Раҳмон дар зеҳни миллӣ ва байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ҳамчун Пешвои сулҳпарвар ва раҳнамои ваҳдат ҷойгоҳ пайдо намудаанд»
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Ба муносибати 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиш баргузор гардид
Рушди муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид






