Дар Ҳисор ду пул мавриди баҳрабардории сокинон қарор гирифт
ҲИСОР, 08.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаҳои «Чашмабозор» ва «Кафшдӯзон»-и Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор ду пул мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.
Пули мошингузаре, ки дар деҳаи «Чашмабозор» дар болои рӯди мавсимии маркази деҳа сохта шудааст, андазааш 9х4,5 метр буда, ду тарафи деҳаро ба ҳам мепайвандад ва барои рафтуомади бемамонияти сокинони деҳа мусоидат мекунад. Дар гузашта ҳангоми селборишҳо мавзеи мазкур барои гузаштани сокинони деҳа ба ду ҷониб хатарнок маҳсуб шуда, барои гузаштан ба ҷониби муқобил зарурияти тай намудани 2-3 километр роҳ пеш меомад.
Пули пиёдагард бо дарозии 12 метр дар деҳаи «Кафшдӯзон» болои рӯди мавсимӣ, ё худ селраҳае, ки аз байни деҳа мегузарад, дар мавсими боронгариҳо сокинони деҳа, бахусус мактаббачагонро ҳангоми убури он ба ташвиш оварда буд. Ҳангоми боришот соатҳои зиёд онҳоро лозим меомад то паст шудани шиддати резиши борон, дар ду соҳили рӯди пурхатар интизор монанд.
Пулҳо дар деҳаҳои «Чашмабозор» ва «Кафшдӯзон» бо маблағгузории Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз ҷониби аҳолӣ бо усули ҳашар сохта шудаанд. Фаррух Аловиддинов ва Умаралӣ Орипов ташрифи намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфта, барои кӯмак ва дастгирии молиявӣ дар бунёди пулҳо изҳори минатдорӣ карданд.
Боиси зикр аст, ки дар доираи ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки аъзои фаъоли платформаи REACT (Гурӯҳи арзёбии ҳолатҳои изтирорӣ ва ҳамоҳангсозӣ) мебошад ва дастгирии Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба аҳолии аз офатҳои табиӣ осебдида мунтазам кумакҳои башардӯстона дастрас гардида, ҷиҳати мустаҳкамкунии иқтидори маҳалаҳои осебпазир тавассути коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ ёрии амалӣ расонида мешавад.
АКС: МИҲД ш. Ҳисор








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






