Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи VI ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Соҳибкор» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 июн дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Соҳибкор»-и Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Конференсияи VI ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Муслим Усмонзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар конференсияи мазкур муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, роҳбарияти Кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳриву ноҳиявӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ, аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, собиқадорони ҲХДТ, раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Соҳибкор» ва аъзои ташкилоти ҳизбӣ иштирок намуданд.
Сараввал ҳисоботи раиси КИИ «Соҳибкор» оид ба фаъолияти Кумита аз моҳи июни соли 2020 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд. Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ 391 нафар кормандон дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Соҳибкор» ба сафи ҳизб пайвастанд. Ҳолати номуайянии шумораи аъзои ҳизб тибқи ҳисоботи оморӣ дар Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ба пуррагӣ бартараф гардидааст. Ҳамчунин дар маҷлис масъалаҳои дигари рӯзнома низ баррасӣ гардиданд.
Тибқи муқаррарот раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Соҳибкор» Убайдулло Асрорзода бо тарафдории аксарияти аъзои ҳизб интихоб карда шуд.
Дар идомаи маҷлис Абдуҷаббор Азизӣ баромад карда, ҳозиринро ба 25-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ табрик намуда, иброз дошт, ки «Ваҳдати миллӣ падидаи воқеан мураккаби иҷтимоиест, ки баёнгари сатҳи ташаккули миллӣ буда, дар ҷавҳари миллат тағйироти сифатӣ ва тавонмандии рақобатпазирӣ ба вуҷуд меоварад ва афроди миллатро муттаҳиду нерӯҳои зеҳниву ҷисмии онҳоро барои ҳифзи манофеи миллӣ ва расидан ба ҳадафҳои умумӣ мутамарказ карда, миллатро ҳамчун низоми иҷтимоӣ ва сиёсӣ ташаккул медиҳад».
Азизӣ Абдуҷаббор оид ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ ва масъулиятнокии ҳар як аъзои ҳизб суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҲХДТ бо аъзои зиёда аз ниммиллионнафараи худ яке аз ҳизбҳои пурнуфуз натанҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар қаламрави ИДМ маҳсуб шуда, дар кулли самтҳои фаъолияти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат нақши муассир дорад. Дар фарҷом ба як қатор аъзои фаъоли Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Соҳибкор», ки дар амалигардонии Барномаҳои ҲХДТ саҳм гузоштанд бо сипоснома ва ифтихорномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон, ҷавононе ки бори аввал ба узвияти ҲХДТ пайвастанд, ба онҳо шаҳоданомаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуданд.
АКС: КИ ҲХДТ дар н.Фирдавсӣ










НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд






