Корвони иттилоотии журналистон аз ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон боздид намуданд

Июнь 15, 2022 11:56

ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Корвони иттилоотии журналистон  аз Ҷамоати деҳоти Кангурти  ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон боздид намуданд.

Ҳайати меҳмонон бо  вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳия шинос гардида,  инчунин  аз Колеҷи тиббии иҷтимоии ноҳия, Корхонаи истеҳсоли пойафзоли «Чарм», Қасри фарҳанг ва дар маҷмӯъ аз иншооте, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта ба истифода шуданд,  боздид намуданд.

Корвони иттилоотии журналистон ба вилояти Хатлон бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии ширкати «Сиёма» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сурат мегирад. Меҳмонон зимни ин сафар аз ноҳияи Балҷувон, шаҳрҳои Кӯлобу Леваканд ва Бохтар низ боздид менамоянд.

Ҳадаф аз ин сафар бо ҳамкасбони худ мулоқот ва табодули таҷриба намуда, бо дастовардҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии вилояти Хатлон шинос гардидан мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати корвони иттилоотӣ 35 нафар журналист аз Суғду Бадахшон, Рашту Ҳисор ва шаҳри Душанбе шомил буда, зарфи се рӯз бо дастовардҳои замони истиқлол дар вилояти Хатлон шинос мегарданд.

АКС: Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Июнь 15, 2022 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд