Муовини Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷараёни хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шинос шуд

Июнь 8, 2022 09:27

ДУШАНБЕ, 08.06.2022 /АМИТ «Ховар»/.  7 июн муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад, ки барои иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Тоҷикистон қарор дорад, аз Маркази саломатии деҳоти Сарикиштии поёни ноҳияи Рӯдакӣ боздид ба амал овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳадаф аз боздиди муассисаи мазкур ин пеш аз ҳама шиносоии бевосита пайдо намудан бо  ҷараёни  хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии деҳот мебошад.

Мавсуф бо фаъолияти муассисаи мазкур, аз ҷумла рафти муоина ва ташхиси беморон шинос шуда, инчунин аз масъулин доир ба сатҳи хизматрасонии тиббӣ  ба аҳолӣ пурсон шуд.

Ҳамзамон бо ҷараёни Корвони саломатии сайёр, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташкил гардидааст, шинос шуда, бо як қатор намояндагони сохторҳои гуногуни давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ суҳбати озоду ошкоро анҷом дод.

Дар ҷараёни суҳбат номбурда доир ба самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар кишвар савол дода, аз ҷониби масъулин посухҳои мушаххас гирифт.

Дар анҷоми боздид Амина Муҳаммад  ба як қатор занону духтарон, ки дар доираи Корвони саломатии сайёр дар  муассиса қарор дооштанд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. 

АКС: Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 8, 2022 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон