Пагоҳ аъзои Кумитаи байналмилалии машваратии Раванди оби Душанбе ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим ба Тоҷикистон меоянд

Июнь 2, 2022 15:30

ДУШАНБЕ, 02.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 3 июн  аъзои Кумитаи байналмилалии  машваратии Раванди оби Душанбе  ҷиҳати иштирок дар  ҷаласаи пешвоёни  Эътилофи обу иқлим, ки 4 июн ҷаласаи ҳафтуми Кумитаи мазкур дар Душанбе баргузор  мегардад ва Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд  оид ба Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба Тоҷикистон  меоянд.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Кумитаи байналмилалии  машваратии Раванди оби Душанбе   тибқи ташаббуси Тоҷикистон  аз ҳисоби намояндагони  воломақому  коршиносони байналмилалии кишварҳои  узви Созмони Милали Муттаҳид, зерниҳодҳои он ва созмонҳои байналмилалӣ  барои  пешбурди раванди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» таъсис дода шудааст.

Интизор меравад, ки аъзои Кумитаи байналмилалии  машваратии Раванди оби Душанбе  аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, иншооти бузурги обии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳое, ки дар доираи баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ташкил карда мешавад, боздид намоянд.

Кумитаи байналмилалии машваратии Раванди оби Душанбе  бо мақсади бомувафаққият гузаронидани Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», аз ҷумла таҳияи барномаи фарогир ва санади ниҳоии Конфронс ташкил карда шудааст.

Кумита аз 30 намояндагон ва коршиносони кишварҳо аз минтақаҳои гуногуни ҷаҳон (Африка, Осиё, Австралия, Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Амрикои Лотинӣ), ниҳодҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ, молиявӣ ва минтақавӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, бахши хусусӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор ташкил ёфтааст.

АКС:АМИТ «Ховар»

 

Июнь 2, 2022 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон