РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Маҳз ба шарофати ташаббусҳои Пешвои миллат имрӯз кӯдакону наврасони кишварҳои олам ба ҳам омада, андешаҳояшонро дар масъалаи об ироа менамоянд

Июнь 6, 2022 17:58

ДУШАНБЕ, 06.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо пайравӣ аз ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба об кӯдакону наврасон ва ҷавонони кишварҳои гуногуни олам дар Форуми об ҷамъ шуда, имкон пайдо карданд, ки дар бораи роҳҳои беҳтаргардонии дастрасӣ ба об, санитария ва беҳдошти он барои ҳама то соли 2030 ибрози андеша намоянд. Дар ин хусус зимни ифтитоҳи Форуми оби ҷавонон ва кӯдакони Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои  2018-2028» Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иттилоъ дод.

«Маълум аст, ки  мутобиқ ба қонунгузории умумибашарӣ ҳуқуқ ба таҳсилоти  босифат, аз ҷумла, ҳуқуқи дастрасӣ ба оби тоза, санитария ва беҳдошт ҳангоми таҳсил дар муссисаи таълимиро соҳиб мебошад. Дастрасии мувофиқ ба оби тоза, санитария ва беҳдошт дар муассисаҳои таълимӣ ҷузъи калидии муҳити бехатар, орӣ аз хушунату  зӯроварӣ, фарогир ва самаранокии таълим барои ҳар як кӯдак ва наврас ба шумор меравад», — изҳор дошт зимни суханронӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон .

Вазири маориф ва илми мамлакат изҳор дошт, ки ҷамъоварии кӯдакону наврасон ва ҷавонони олам дар Форуми оби ҷавонону кӯдакони Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амали об имконияти мувофиқест барои кашфи истеъдодҳо дар соҳаи ихтирооти технологияҳои коркарди об.

«Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2022 – 2026 солҳои «Рушди саноат» эълон гардидааст, ки ин тадбирҳои муҳими   сиёсӣ ба мо шароит фароҳам меорад, ки имкониятҳои инноатсионии ҷавононро дар соҳаи об тавассути пешниҳоди малакаҳои соҳибкорӣ ва омӯзиши онҳо васеъ гардонида, аз дидгоҳи тозаи онҳо дар самти дастрасӣ ба об ва аз миён бардоштани мушкилоти мавҷуда дар сайёра дар ин ҷода босамар истифода намоем», — афзуд дар идомаи суханронӣ Саидзода Раҳим Ҳамро.

Ҷавонони Тоҷикистон — идомадиҳандагони сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар ҳалли мушкилоти об

Зимни суханронӣ дар Форуми оби ҷавонон ва кӯдакони Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амали об раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода аз нақши муҳими ҷавонони мамлакат дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ин қишри муҳими ҷомеа ҳамеша дар ҳама ҳолат, аз ҷумла дар ҳалли мушкилоти марбут ба обу иқлим дар саҳми беназири худро хоҳад гузошт:

«Ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун идомадиҳандаи сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат бояд дар ҳалли мушкилоти обу иқлим бетараф набошанд, зеро онҳо метавонанд дар ҳалли ин масоил саҳмгузор бошанд», — изҳор дошт раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои Абдулло Раҳмонзода, насли ҷавон бояд бо тамоми малакаҳои зарурӣ барои бунёди ояндаи устувор омода карда шавад. «Сафарбар кардани ҷавонони кишварҳои олам барои амалҳои марбут ба об ва ба ин васила саҳм гузоштан барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор то солҳои 2030, мусоидат ба ҷалби насли наврас ба идоракунии  самараноки захираҳои об, омода намудани мутахассисони ҷавон дар самти рушди технологияҳои нав, тарбия намудани дипломатҳои ҷавон барои пешбурди ҳамкорӣ дар соҳаи об, шароит фароҳам овардан барои олимони ҷавон ҷиҳати гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи об яке аз масъалаҳое мебошанд, ки мо бояд дар ин самт фаъолияти бештар дошта бошем», — афзуданд дар охири суханронии хеш раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода.

«Мо оби ҷӯйборем, мо рӯди кӯҳсорем….»: Зери ин мисраъҳо кӯдакону ҷавонон дар Форуми оби Душанбе суруд (гимн) мехонанд

«Об қисми асосии ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти мо мебошад ва ман ҳамчун намояндаи кӯдакони имрӯза дар ин ҷо, ба амал кардан барои нигоҳ доштани захираҳои об  дар сатҳи ҷаҳонӣ ва пешбарии баробар даъват менамоям», — изҳор дошт дар оғози суханронии худ Алия  Эраҷ, хонандаи синфи 5-уми Мактаби президентии шаҳри Душанбе, ки яке аз иштирокчиён ва ҳаммуаллифи суруд (гимн) – и Форуми ҷавонон ва кӯдакони Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар баробари Тупчӣ Малакбозов хонандаи дигари тоҷик мебошад.

Алия Эраҷ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки дар бароибари иштироки фаъол дар чорабиниҳои муҳими экологии вобаста ба обу иқлим ӯ ҳамчунин дар якҷоягӣ бо Тупчӣ Малакбозов хонандаи  Мактаби президентии шаҳри Душанбе  низ саҳм гузоштааст.

«Мо оби ҷӯйборем, мо рӯди кӯҳсорем, мо оби поки пирях, аз кӯҳи бовиқорем… ин мисраъҳоро мо ҳамроҳи Тупчӣ барои Форум омода кардем. Матни суруд бештар дар бораи обу пиряхҳои дар  ҳоли кардан аст», — изҳор дошт Алия Эраҷ дар суҳбат бо АМИТ «Ховар».

Ба гуфтаи Алия Эраҷ баргузории Форуми ҷавонон ва кӯдакони Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» имконияти хубест барои ироаи андешаҳои кӯдакони тамоми дунё дар бораи истифодаи мақсадноки об ба оламиён.

Қадрдонии кӯдакон дар Форуми об – нишонаи эҳтиром ба саҳмгузории онҳост 

Муҳаббат Тоҷибоева, хонандаи синфи 6-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 31 – и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд  ва аъзои маҳфили «Мухбирони ҷавон» -и Муассисаи таҳсилоти иловагии №  4-уми ноҳияи мазкур дар номинатсияи «Навори беҳтарин» — и яке аз озмунҳои Форуми оби ҷавонону кӯдакон маводи  видеоии худро дар даври ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ  пешниҳод намуда, ғолиби озмун гардидааст.

«Мақсад аз омода намудани навори ман  на танҳо  ба хурдсолон, балки ба калонсолон низ фаҳмондани сарфакорона истифода бурдани об дар замони тағйирёбии иқлим ва захира  намудани он мебошад. Зиндагӣ бе об мушкил буда, дар вақти набудани оби тоза, одамон аз обҳои ифлос истифода мебаранд, ки оқибатҳои нохуб дар пай дорад», — изҳор дошт Муҳаббат Тоҷиева.

Ба иттилои мавсуф пешниҳоди ташаббусҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба об ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла, кӯдаконро водор месозад, ки дар пешгирии хатарҳои экологии марбут ба обу иқлим саҳмгузор буда, ҳар қатра обро сарфакорона истифода намоянд.

Варанга Сарфароз: «Барои мо иштирок дар Форуми оби кӯдакону наврасон ифтихор аст»

«Мо дар яке аз барномаҳои Хазинаи кӯдакони СММ – ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон иштирок намудем, ки он барои мо имкон дод, то мо тавонем аз ифлосшавии об ҷилавгирӣ намоем», — изҳор дошт зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Варанга Сарфарози 16-сола, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки ду сол инҷониб муқими Тоҷикистон мебошад.

Ба иттилои номбурда, ӯ ҳамроҳи гурӯҳи худ тавонист дар озмуни Форуми оби ҷавонону кӯдакони Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» як дастгоҳеро зери унвони «Ҷамъоварӣ» («Pake up») омода намудааст, ки партофро аз замин боло намояд, ки ин дастгоҳ дар мағозаҳо гузошта шуда,  фурӯхта шудааст.

«Мо дар Форуми оби ҷавонону кӯдакон имкон пайдо намудем, ки  оид ба дастгоҳи ихтироънамудаамон изҳори ақида намуда, паёмҳои худро ба кӯдакону наврасони тамоми олам дар масъалаи тоза нигоҳ доштани муҳити атроф, бахусус об ирсол менамоем, ки ин барои мо ҳамчун як ҳамватану ҳамфарҳанги миллати тоҷик ҷиҳати иштирок ва даъват боиси ифтихор аст», — афзуд Варанга Сарфароз, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон.

Дар Форуми ҷавонон ва кӯдакон оид ба масоили оби Конфронси дуюми оби Душанбе дар маҷмӯъ кӯдакону наврасон ва ҷавонони 33 мамлакати ҷаҳон- 200 нафар бевосита худашон ва 900 нафар ба таври маҷозӣ иштирок доранд.

Ёдовар мешавем, ки 6-9 июни соли 2022 пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе  мизбони  боз як ҳамоиши муҳими байналмилалӣ- Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амали об гардида, дар он қариб 2000 нафар  намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, донишкадаҳо, ҷамоатҳои маҳаллӣ  ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок менамоянд.

Манижа БАҲРОМЗОДА,
Тоҳирҷон САИД
АМИТ  «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 6, 2022 17:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот намуд
Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ
Дар шаҳри Риёз ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба пешгирии никоҳи бармаҳал ва ҷалби духтарон ба касбомӯзӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд
Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Ҳунарманди сол» сазовори баҳои баланд гардиданд
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Аз сардиҳои фасли зимистон худро эҳтиёт намоед
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷайҳун бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва шуъбаи маориф ба истифода дода шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Фаронса дар вохӯрии шарикони рушди ҷаҳонӣ иштирок намуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
Дар ноҳияи Рашт китобхона ва бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд