Ширкати атриёти «Jizan Perfumes LLC»-и Дубай омодагиашро барои ба кор ҷалб намудани шаҳрвандони Тоҷикистон баён кард
ДУШАНБЕ, 24.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 июн дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба ширкати атриёти «Jizan Perfumes LLC»-и Дубай зимни мулоқоти маҷозии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Шаҳноза Нодирӣ бо роҳбари ширкати мазкур Маҳмуд Роҳпаймо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ширкати атриётӣ бо ширкатҳои маъруфи атриётии ҷаҳон ҳамкорӣ менамояд. Дар ширкати номбурда шаҳрвандони миллатҳои гуногун, аз ҷумла тоҷикон кор мекунанд. Роҳбарияти ширкат аз фаъолияти тоҷикон қаноатманд буда, омодаи ҷалби бештари кормандон аз Тоҷикистон мебошад.
Зимни мулоқот тасмим гирифта шуд, ки то 30 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба сифати ёрдамчии фурӯшанда ва корманди анбор ба ширкати номбурда сафарбар карда шаванд. Инчунин дар мулоқот тамоми масъалаҳо, аз ҷумла шарту шароити корӣ ва будубоши онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Гуфта шуд, ки яке аз талаботи асосӣ ин донистани забони англисӣ мебошад.
Дар фарҷом тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати сафарбар намудани довталабон ба Аморати Муттаҳидаи Араб байни ширкати мазкур ва Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шавад.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии ҶТ








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






