Соҳибкорони вилояти Липетск дар Суғд ниҳол шинониданд

Июнь 20, 2022 11:38

ДУШАНБЕ, 20.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар боғи назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетски Федератсияи Русия Анатолий Голтсов ниҳол шинониданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Раҷаббой Аҳмадзода ва Анатолий Голтсов бо ёдоварӣ аз ҳамкориҳои судманди вилоятҳои Суғд ва Липетск ниҳолеро, ки меҳмонон аз Липетск оварда буданд, шинонида изҳори боварӣ карданд, ки ниҳол — рамзи дӯстии ҷонибҳо ба дарахти бузург табдил хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи калони соҳибкорони вилояти Липетск барои иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2022» дар вилоят қарор доранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 20, 2022 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд