ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 июн, душанбе, 171-умин рӯзи соли 2022 аст

Июнь 20, 2022 08:00

20 июни соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони маорифи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони ИДМ ба Душанбе ташриф оварда буданд, ба ҳузур пазируфтанд.

***

10 сол пеш, 20 июни соли 2012 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии якҷояи ЮНЕСКО ва механизми «СММ-Об» оид ба масоили Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд. Дар суханронии худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми давлатҳо даъват ба амал оварданд, ки тавассути амалҳои мушаххас дар соҳаи об ва санитария чораҳои зарурӣ андешанд, то Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об пурсамар ҷамъбаст гардида, натиҷаҳои бадастомада дар солҳои минбаъда барои некӯаҳволии мардум ва муҳити зисти устувор истифода шаванд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе миёни Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мири шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Кэтсин доир ба роҳҳои гуногуни ташкил ва густариши ҳамкорӣ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои омодаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй сурат гирифт.

20 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рўзи байналмилалии паноҳандагон.

 ***

Рӯзи байналмилалии нигоҳдории филҳо дар боғи ҳайвонот.

***

Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони хоҷагии газ.

 ***

Дар Аргентина — Рӯзи Парчами миллӣ.

 РӮЙДОДҲО:

20 июни соли 2008 дар шаҳри Душанбе  Сафорати Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ ёфт.

***

11  сол пеш, 20 июни соли 2011 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Конференсияи вазирони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба анҷом расид.

***

20 июни соли 1881 дар Нижний Новгород аввалин маротиба дар таърихи Русия алоқаи телефонӣ ба роҳ монда шуд.

***

4 сол муқаддам, 20 июни соли 2018 дар Душанбе Конференсияи дурӯзаи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» кори худро оғоз намуд.

***

20 июни соли 1933 дар Иттиҳоди Шӯравӣ Прокуратураи генералӣ таъсис дода шуд.

***

20 июни соли 1950 Ҳизби коммунистии Африқои Шимолӣ баста шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1954 дастаи футболи Олмон дастаи Швейтсарияро бо ҳисоби  8:3 мағлуб кард, ки ин бозӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ҳамчун рекорди таърихӣ ном бурда мешавад.

***

Соли 1967 боксёри машҳур Муҳаммад Алӣ  бо ҳукми суди Хюстони ИМА барои рад кардани хизмат дар Артиши Амрико  ва иштирок накардан дар ҷанги  Ветнам ба муддати 5 сол ҳабс  ва 10 000 доллар ҷарима карда шуд

Июнь 20, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш