Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таъсис медиҳанд
ДУШАНБЕ, 30.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик Созишнома ва Ёддошти тафоҳум байни вазоратҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои таъсис додани корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба имзо мерасанд. Ин матлаб имрӯз зимни мулоқоти Вазири кишоварзии мамлакат Саъдӣ Каримзода бо Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Ришайдон баён гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Созишнома ва Ёддошти тафоҳум барои таъсис додани корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили корхонаҳои истеҳсоли шарбати мева ва хушконидани мева бо мақсади содироти минбаъда ба Арабистони Саудӣ ё ба давлати сеюм, ҷалби сармояи бахши хусусии Арабистони Саудӣ, ташкил намудани гармхонаҳо, анбор ва сардхонаҳо барои нигоҳдории меваю сабзавот бо назардошти содирот ба Арабистони Саудӣ, тақвият додани муносибот дар соҳаи занбўриасалпарварӣ ва содироти минбаъдаи асал ба Арабистони Саудӣ, ҳамкорӣ оид ба ҷалби сармоягузории мустақими Арабистони Саудӣ дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионии афзалиятнок ба имзо хоҳад расид.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкории мутақобилан судманди соҳа то имрӯз ва дурнамои муносибатҳо миёни вазоратҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мубодилаи афкор намуданд.
Саъдӣ Каримзода иброз намуд, ки ҳамкории мо дар соҳаи кишоварзӣ дар марҳилаи рушд қарор дошта бошанд ҳам, мо ҷиҳати тақвияти онҳо ба манфиати мутақобила хоҳиши тарафайн ва иқтидори бузургро дорем. Хусусиятҳои муҳими рушди соҳаи кишоварзӣ дар замони ҳозира амалӣ намудани барномаю лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо мақсади афзун намудани гардиши савдои маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротӣ мебошад.
Валид ибни Абдураҳмон ар-Ришайдон доир ба содироти молу маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, аз қабили сабзавот, меваҳои тару хушк ва чорво, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд, ҳавасмандии хешро иброз намуд.
АКС: Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии ҶТ








Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Бангкок мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз баргузор шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
Дар доираи Форуми тиҷоратии «New Silk Way» роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон вохӯрӣ намуданд
Мораторий ба санҷиши субъектҳои соҳибкории хурду миёна то 1 январи соли 2029 тамдид карда мешавад
Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад






