ВОЛЕЙБОЛ. Дар Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ бо иштироки дастаҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон идома дорад
ДУШАНБЕ, 17.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 июн дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба волейбол миёни ҷавонони то 23-сола оғоз гардид, ки он то 20 июн идома меёбад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре котиби генералии Федератсияи волейболи Тоҷикистон Муҳиб Латипов иттилоъ дод, дар мусобиқаи мазкур дастаҳои волейболи Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон ширкат доранд.
Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар ду давр баргузор мешавад. Дастаҳо миёни ҳам ду бозигӣ анҷом медиҳанд. Дар рӯзи аввал – 15 июн Тоҷикистону Қазоқистон сабқат карданд ва дастаи Қазоқистон бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.
Имрӯз, 17 июн Узбекистон бо Тоҷикистон вомехӯрад. 18 июн Тоҷикистон бо Узбекистон, 19 июн Қазоқистон бо Узбекистон ва 20 июн Тоҷикистон бо Қазоқистон бозӣ мекунанд.
АКС: КМО Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






