Ҳайати Тоҷикистон дар Ашқобод андешидани тадбирҳои заруриро барои татбиқи низоми рақамикунонӣ дар соҳаи ҳамлу нақл пешниҳод кард

Июль 25, 2022 10:38

ДУШАНБЕ, 25.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар  шаҳри Ашқободи Туркманистон конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Долонҳои байналмилалии нақлиётӣ — транзитӣ, ҳамбастагӣ ва рушд» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири нақлиёт Шоиста Саидмуродзода иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат.

Дар конфронси байналмилалӣ масъалаҳои рушди ҳамлу нақли байналмилалии нақлиёт (автомобилӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ ва обӣ), транзит, содагардонии раванди ҳамлу нақл ва транзит, андешидани тадбирҳо ҷиҳати рушди соҳаи нақлиёт дар доираи ҳамкории дуҷониба ва байналмилалӣ, андешидани тадбирҳо дар давраи пас аз пандемия ва ғайра баррасӣ гардиданд. Бо ин мақсад 20 июл иштирокчиёни конфронс аз бандари «Туркменбошӣ» дидан карданд.

Шоиста Саидмуродзода вобаста ба масъалаҳои таъмини пайвасти шабакаҳои нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, содагардонии раванди ҳамлу нақл ва гузариши транзит, таъмини ҳамбастагӣ дар самти рушди логистика сухан гуфт. Инчунин мавсуф бо назардошти мушкилиҳо дар давраи пандемия андешидани тадбирҳои заруриро барои татбиқи амалии низоми рақамикунонӣ дар соҳа, аз ҷумла истифодаи e-CMR ва рухсатномаҳои электронӣ дар минтақа пешниҳод намуд.

Ҳамзамон дар доираи конфронси байналмилалӣ ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) вобаста ба долонҳои «Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия» ва «Қирғизистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон» баргузор гардид.

Коршиносони кишварҳои аъзо масъалаҳои марбут ба ташкили долонҳои мазкурро мавриди баррасӣ қарор додан два аз рӯи он санади дахлдор ба тасвиб расид.

АКС: Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

Июль 25, 2022 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид