Ба сарбозони қисми низомии шаҳри Кӯлоб 1000 нусха адабиёти бадеии тозанашр тақдим карда шуд
ДУШАНБЕ, 16.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 июл Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат, волидони хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шахсони масъул ба аёдати сарбозони қисми низомии шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, аз вазъи шароити хизмат ва истироҳату фароғати онҳо шинос шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.
Бахтиёр Назарзода зимни суҳбат бо хизматчиёни ҳарбӣ изҳор дошт, ки маҳз бо шарофати ғамхориҳои беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизмати садоқатмандонаи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти қудратии мамлакат дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ имконияти мустақилона ҳимоя намудани марзи Ватанро ба даст овард ва имрӯз ҷавонони ватандӯсти моро месазад, ки дар ҳимояи марзу буми кишвар ҳамеша омода бошанд.
Дар идомаи вохӯрӣ волидони сарбозон аз ободиву сулҳу осоиштагии Тоҷикистон сухан гуфта, таманно намуданд, ки ҳамеша дар кишвар сулҳу ваҳдат пойдор бимонад.


Ҳамчунин дар ин рӯз модарони рӯзгордида нону дигар дастранҷҳои ҳунарии худро пешкаши сарбозон намуданд.
Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба ин қисми низомӣ маводи хӯрока, аз ҷумла орд, равған, картошка, пиёз, макарон ва полезиҳо дастрас гардид.
Инчунин ба китобхонаи қисми ҳарбӣ ба хотири баланд бардоштани маърифатнокии хизматчиёни ҳарбӣ ва тарғиби ғояҳои ватандӯстии ҷавонон беш аз 1000 нусха адабиёти бадеии тозанашр тақдим карда шуд.
АКС: бахши матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Бо мақсади шаффофият ва дақиқияти холҳои ғолибон портали электронӣ таъсис дода шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Давоми 7 соли баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ чӣ натиҷаҳо ба даст омаданд?
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ҷудо мегардад
Барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёда аз 8 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад
Дар Хатлон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Гулистон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ карда шуданд
Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд






