Барно Саидвализода: тайи чор сол сатҳи иҷрои санадҳои судӣ ва асноди мақомоти дигари давлатӣ қариб 50 фоиз боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 20.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар муддати чор соли фаъолияти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои санадҳои судӣ ва асноди мақомоти дигари давлатӣ қариб 50 фоиз боло рафтааст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт.
Ба гуфти Барно Саидвализода, дар давраи начандон тӯлонии фаъолият Хадамот ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, сифати иҷрои санадҳои судӣ низ беҳтар шудааст. Яке аз самтҳои фаъолияти Хадамот- ситонидани маблағи алимент мебошад, ки аз солҳои пешин дар маҷмӯъ 96 ҳазору 409 адад ҳуҷҷатҳои иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент дар баррасии иҷрочиён қарор доранд. Аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кӯдак зиёда аз 20,1 миллион сомонӣ маблағи алимент ситонида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 7,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
«Бинобар барқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент нисбат ба 421 нафари онҳотибқи талаботи моддаи 177 Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд», — илова намуд сардори Хадамоти иҷро.
Ба зикри мавсуф, бо мақсади пешгирии ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва дар ҳамин замина саркашӣ накардани онҳо аз пардохти алимент, оид ба ворид намудани қарздорон ба махзани низоми ягонаи идоракунии сарҳад ва раводид ҷиҳати баромада нарафтани онҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои таблиғотӣ таҳия гардидаанд, ки нашру пахши онҳо тавассути ВАО ба роҳ монда шудааст.
Хотиррасон мешавем, ки Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 июли соли 2018 таъсис ёфта, воҳидҳои кории судиҷрочиён ба тобеияти он гузаштаанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






