Барно Саидвализода: тайи чор сол сатҳи иҷрои санадҳои судӣ ва асноди мақомоти дигари давлатӣ қариб 50 фоиз боло рафтааст

Июль 20, 2022 14:44

ДУШАНБЕ, 20.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар муддати чор соли фаъолияти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои санадҳои судӣ ва  асноди  мақомоти дигари давлатӣ қариб 50 фоиз боло рафтааст.  Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ  Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода дар посух ба саволи  хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт.

Ба гуфти Барно Саидвализода, дар давраи начандон тӯлонии фаъолият Хадамот ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, сифати иҷрои санадҳои судӣ низ беҳтар шудааст. Яке аз самтҳои фаъолияти  Хадамот- ситонидани маблағи алимент мебошад, ки аз солҳои пешин дар маҷмӯъ 96 ҳазору 409 адад ҳуҷҷатҳои иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент дар баррасии иҷрочиён қарор доранд. Аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кӯдак зиёда аз 20,1 миллион сомонӣ маблағи алимент ситонида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 7,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

«Бинобар барқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент нисбат ба 421 нафари онҳотибқи талаботи моддаи 177 Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд», — илова намуд сардори Хадамоти иҷро.

Ба зикри мавсуф, бо мақсади пешгирии ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва дар ҳамин замина саркашӣ накардани онҳо аз пардохти алимент, оид ба ворид намудани қарздорон ба махзани низоми ягонаи идоракунии сарҳад ва раводид ҷиҳати баромада нарафтани онҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои таблиғотӣ таҳия гардидаанд, ки  нашру пахши  онҳо тавассути ВАО ба роҳ монда шудааст.

Хотиррасон мешавем, ки  Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   21 июли соли 2018 таъсис ёфта, воҳидҳои кории судиҷрочиён ба тобеияти он гузаштаанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 20, 2022 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд