Дар Хатлон масъалаи беҳтар кардани вазъияти ғизои модару кӯдак баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 15.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 июл дар вилояти Хатлон ҷаласаи сайёри Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо доир гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.
Гуфта шуд, ки дар кори Шӯро муовини Раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, аъзои Шӯро ва муовинони раисони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, сардори Раёсати тандурустӣ, намояндагони сохторҳои тандурустӣ ва Лоиҳаи беҳтар кардани ғизогирии модарон, навзодон ва кӯдакон дар навоҳии деҳоти Тоҷикистон низ ширкат доштанд.
Муовини Раиси вилоят иброз намуд, ки мақсади нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба ба ғизо ин беҳтар кардани вазъияти ғизои модару кӯдак дар Тоҷикистон то соли 2025 мебошад.
«Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2021 тасдиқ гардидааст», илова кард ў.
Дар ҷараёни ҷаласа иштирокдорон вобаста ба нақша, ки ихтисоркунии қадпастӣ дар Тоҷикистон дар байни кӯдакони синну соли то 59-моҳа ба 40 фоиз то охири соли 2025, ихтисоркунии камхунӣ, сатҳи вазни пасти бадан, нобуд кардани афзоиши вазни зиёдатӣ, лоғарии кудакон арзёбӣ мешавад, суханронӣ намуданд.
Инчунин гуфта шуд, ки муҳимияти ғизо яке аз масъалаҳои меҳварӣ ҳисобида мешавад. Нақшаи мазкур соли 2010 таъсис ёфта, дар он 65 давлат аъзо шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2013 аъзои ин нақша аст.
АКС: шуъбаи иттилоот ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст






