ДОЛЛАР ЕВРОРО БЕҚУРБ КАРД. Коршиносон чӣ пайомадҳо доштани ин ҳолатро барои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» шарҳ доданд

Июль 14, 2022 13:43

ДУШАНБЕ, 14.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз қурби евро ба доллар баробар шуд, аммо дар охири рӯз он бори аввал аз моҳи декабри соли 2002 аз асъори амрикоӣ паст гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» ба истинод ба маълумоти муомилот хабар медиҳад.

Тайи даҳ соли охир қурби евро нисбат ба доллар дар муқоиса бо авҷи арзиши худ тақрибан 40% поин рафт. Дар маҷмӯъ, замоне гуфта мешуд, ки  маҳз пули аврупоӣ бо доллар рақобатпазир мегардад, вале  бо гузашти 20 сол ин ҳама  танҳо дар сухан боқӣ монд.

Евро одатан аз доллар баландтар фурӯхта мешуд, ба истиснои соли 2000, вақте ки пули ИМА аз пули аврупоӣ қиматтар буд.  Дар соли 2001 евро ҳоло ҳам аз доллари ИМА паст буд, аммо соли 2003  он боз аз доллар қиматар шуд.

Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ба АМИТ «Ховар» гуфт, ки вобаста ба таъсири омилҳои гуногун қурби асъор  пайваста болову поён меравад. Солҳои аввали ба муомилот ворид шудани евро қурби он аз қурби доллар камтар буд, вале баъдан он хеле боло рафт ва ҳоло, ба ҳолати 12 июл, онҳо баробар шуданд.

Ба гуфти ӯ сабаби поён рафтани қурби евро сараввал мушкилиҳои кишварҳои европоӣ вобаста ба:  1) вазъи сиёсии вақтҳои охир, ки ба натиҷаҳои амалиётҳо дар Украина алоқаманд буда, ба рушди иқтисодиёти мамлакатҳои европоӣ таъсири манфӣ расониду боиси болоравии нархи нафту газ ва молҳои дигар гардид ва 2) сиёсати пешгирифтаи Бонки марказии ИМА (Низоми федералии захиравӣ) мебошад. Бонки марказии ИМА шурӯъ аз моҳи март пайваста фоизи бозтамвилро боло бурд, ки он боиси болоравии қурби доллар гардид. Дар чунин шароит сармоядорон маблағҳои худро бештар ба ИМА равона мекунанд.

«Бояд  зикр намуд, ки ин раванд ба фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон таъсири манфӣ расонида наметавонад, зеро аксари субъектҳои тоҷикистонӣ ҳангоми додугирифт бо ширкатҳои хориҷӣ аз доллари ИМА истифода мекунанд. Албатта, агар касе дар бонкҳо пасандози евроӣ дошту онро гирифтанӣ аст, каме зарар мебинад, вале шумораи чунин шахсон хеле кам аст», — мегӯяд доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода.

Дотсенти кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Саидхуҷа Махшулов  тазаккур дод ки яке аз механизмҳои самаранок ривоҷ ёфтани тамоми самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ва таъмини сатҳи некӯаҳволии мардум ин фаъол будани бахши бонкӣ ва устувории пули миллӣ мебошад.

Талабот ва таҳаввулоти замони муосир собит намуданд, ки усутвории қурби пули миллӣ нисбат ба асъори серталаби хориҷӣ — доллари ИМА (USD) ва Евро механизмҳои асосии таъминкунандаи рушди хоҷагии қишлоқ мебошанд,- гуфт ӯ ба АМИТ  «Ховар».- Аз ҳамин лиҳоз ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат ва Бонки миллии Тоҷикистон низ таъмини устувории пули миллӣ ва нигоҳ доштани мувозинати сатҳи нархҳо мебошад.

Коршинос инчунин маълумот дод, ки имрӯз вобаста ба таҳаввулот ва тағйироти ҷаҳони муосир ва бамаротиб афзош ёфтани талабот ба доллари ИМА Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист қурби сомониро нисбат ба ин асъори серталаби хориҷӣ пурзур намояд. «Албатта, чунин амал аз якчанд нуқтаи назар ба сатҳи самаранокии иқтисодиву иҷтимоии мамлакат таъсири мусбат мерасонд: якум — талаботи рӯзафзуни иқтисодиёт бо доллари ИМА дар сатҳи зарурӣ таъмин карда мешавад, дуюм-  гардиши асъори хориҷӣ дар сатҳи иқтисодиёт афзоиш мебад, сеюм —  шаҳрвандои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз беасос ҷамъоварӣ ва захира намудани доллари ИМА даст мекашанд, ки ин дар натиҷа ба сатҳи таъминнокии иқтисодиёт ба ин асъор ба қадри зарурӣ мусоидат намуда, асъори дар дасти аҳолӣ бекорхобида ба муомилот бароварда мешаванд.

Тавре Саидхуҷа Махшулов гуфт, ҳама шоҳиди он аст, ки дар сатҳи иқтисодиёти мамлакат ҳама вақт тафовути қурбӣ байни доллари ИМА ва Евро вуҷуд дошт ва имрӯз ин фарқият баробар гардидааст, ки ин ба сатҳи рушди иқтисодиёти малакат, аз байн бурдани воҳима (паника) байни аҳолӣ нисбат ба беқурбшавии пули миллӣ ва болоравии нархҳо таъсири мусбат мерасонад. «Имрӯз маълум аст, ки дар якҷоягӣ бо шарикони стратегии рушд ин тамоюл идома пайдо намуда, қурби пули миллӣ дар алоқамандӣ бо устувории иқтисодиёти мамлакат ба таври доманадор таъмин карда мешавад»,-гуфт ӯ.

Раъно НУСРАТУЛЛОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Июль 14, 2022 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Ҷалби ширкатҳои чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо фаъолият ва имконоти технологӣ ва инфрасохтории «Шаҳри ҳушманд» шинос шуд
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти вилояти Хатлон панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд