Маҳмадсаид Зувайдзода: «Ҷиҳати назорати сифати биною иншооти ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёдшаванда нақшаи тадбирҳо омода шудааст»
ДУШАНБЕ, 21.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат беш аз 560 иншооти ҷашнӣ бунёд карда мешаванд. Тавре Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, «бо мақсади ба меъёрҳои замонавӣ мувофиқ гардонидани сатҳу сифати сохтмони иншооти ҷашнӣ Кумита нақшаи чорабиниҳо омода кардааст.
Мавриди зикр аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022 Нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки тибқи он бунёди 568 иншооти ҷашнии дорои таъйиноти мухталиф дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ба нақша гирифта шудааст.
Дар айни замон дар асоси ин қарор мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо нақшаҳои худро омода намуда истодаанд ва шумораи умумии иншооти ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдшаванда моҳи августи соли равон муайян мегардад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд






