НУРОФАР. Андешаҳо оид ба саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушди энергетикаи мамлакат

Июль 28, 2022 08:57

ДУШАНБЕ, 28.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар радифи корномаву қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу ааҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои мондагорашон барои ба даст овардани истиқлолияти энергетикии мамлакат мавқеи махсус доранд. Буҳрони энергетикии мамлакат ва роҳи ҳалли ин мушкилот аз рӯзҳои нахустини Роҳбари давлат интихоб шуданашон зери назорат ва таваҷҷуҳи хосса қарор дошт.  Ба маънои дигар, Роҳбари ҷавон, ки бо дилу нияти пок зимоми давлати фалаҷгаштаро дар даст доштанд, фаъолияташонро аз рӯшноиофарӣ оғоз намуданд. Чунин нигоштааст узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Муҳиддин Пайшанбезода дар мақолае, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст.

Дар зер матни пурраи мақоларо пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз байн рафтани таъминоти мутамарказ сатҳи истеҳсоли неруи барқ коҳиш ёфта, мардум ба мушкилоти сахт рӯбарӯ гардид. Яъне, дар баробари буҳрони сиёсӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва таҳдиди гуруснагӣ буҳрони энергетикӣ низ зам шуда буд. Пешвои миллат дар рӯёрӯи мушкилоте қарор гирифтанд, ки тақдири имрӯзу фардои кишварро муайян менамуд. Масъалаи мубрами рӯз таъмини сулҳу оромӣ ва рафъи хатари гуруснагӣ буда, ҳалли мушкилоти энергетикӣ маънои фардои дурахшони Тоҷикистонро дошт.

Дар аксари минтақаҳо, махсусан манотиқи кӯҳистон истеҳсоли барқ бештар бо истифода аз сӯзишвории дизелӣ ба даст меомад. Метавонам ин қазияро ҳамчун шоҳиди ҳодиса дар мисоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шарҳ диҳам.

Баъди ду моҳи роҳбарӣ Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон барои шиносоӣ бо вазъи воқеии Бадахшон ба ин вилоят сафар карданд. Дар он лаҳзаҳо Бадахшон макони гурезаҳои зиёди иҷборӣ буда, вазъи сиёсӣ номӯътадил буд. Новобаста аз вазъи мавҷуда Пешвои миллат ба назди мардум рафтанд.  Масъалаи асосие, ки мардуми Бадахшон дар назди Роҳбари давлат гузоштанд, ин ҳалли мушкилоти таъмини неруи барқ буд. Фаъолони вилоят оид ба сохтмони иншооти нотамоми Неругоҳи барқи обии Помир-1 масъалагузорӣ карданд, зеро тибқи нақша бо истифода аз зарфияти дарёи Ғунд бояд силсиланеругоҳҳои «Помир-1», «Помир-2» ва «Помир-3» сохта мешуданд, вале сохтмони онҳо тӯл мекашид.

Ҳамин тариқ, баъди аз байн рафтани таъминоти мутамарказ ва камчин шудани сӯзишвории дизелӣ Бадахшон ба буҳрони амиқи энергетикӣ дучор гардид. Пешвои миллат баъди бозгашт аз ин сафари нахустини худ ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода, барои ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Помир- 1» раванди корҳоро зери назорати шахсии худ қарор доданд. Ба вазъияти хеле вазнини сиёсию иқтисодӣ, идомаи ҷанги шаҳрвандӣ ва хазинаи холии давлат нигоҳ накарда, Сарвари давлат барои сохтмони он маблағ дарёфт намуданд. Набудани роҳи мустақим бо маркази ҷумҳурӣ ҷиҳати кашондани масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизот мушкилӣ эҷод мекард, вале азму иродаи қавӣ, дилу нияти поки Пешвои миллат имкон дод, ки ин абармарди дилсӯзи мардум ба ваъдаашон вафо кунанд.

Баъди як сол, моҳи марти соли 1994 сохтмон анҷом ёфта, ба хонаи мардуми кӯҳистон рӯшноӣ ворид шуд. Сарвари давлат дар маъракаи ба истифода додани он, ки дар остонаи ҷашни Наврӯз иттифоқ афтод, иштирок карда, муҳаббат ва эҳтироми мардумро сазовор шуданд. Рӯзноманигор Абдулло Амонбеков ин манзараро чунин ба қалам додааст: «Дар он рӯзҳои баҳорон дар ҳақиқат мавсими эҳёшавии табиати афсонавии Бадахшон пас аз зимистони қаҳратуни кӯҳистон ба хубӣ эҳсос мешуд. Ин гармию ҳарорати баланди ҳаворо ҳама аз пойи қадами неки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он рӯзҳои баҳорон ба Бадахшон барои иштирок дар тантанаи ба истифодадиҳии навбати аввали неругоҳи барқӣ ташриф оварда буданд, арзёбӣ мекарданд». Ин нахустин иншооти энергетикӣ буд, ки Пешвои миллат дар солҳои аввали душвортарини роҳбарии хеш мавриди истифода қарор доданд.

Сарвари давлат ҳамчун сиёсатмадори дурандеш дар солҳои нахустини роҳбарӣ ба хубӣ дарк мекарданд, ки ояндаи иқтисоди миллиро истеҳсоли неруи барқ муайян мекунад.

Ин аст, ки баъдан Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» бо иқтидори 670 мегават, «Сангтӯда» — 2 бо иқтидори 220 мегават ва чандин неругоҳҳои дигар дар маҷмӯъ бо иқтидори умумии 1300 мегават сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Вале неругоҳе, ки ормони миллати тоҷик ва Пешвои миллат маҳсуб меёфту Тоҷикистони азизи моро бояд шуҳрати ҷаҳонӣ мебахшид, Неругоҳи барқи обии «Роғун» буд.

Лозим ба ёдоварист, ки таърихи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» тӯлонӣ аст. Аз оғози тарҳрезии иншооти мазкур то даврони истиқлолият қариб як аср сипарӣ шуда буд.

Ҳанӯз соли 1930 тарҳрезии НБО-и «Роғун» оғоз шуда, аввалин тадқиқотчиён ба мавзеи имрӯзаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ташриф оварданд ва дар харитаи захираҳои гидроэнергетикии собиқ ИҶШС НБО-и «Роғун» бо номи НБО-и «Сичароғ» ҷой гирифт. Асосноксозии техникӣ-иқтисодии иншооти мазкур аз ҷониби мутахассисони филиали Институти «Гидропроект»-и ИҶШС дар шаҳри Тошканд ҳанӯз соли 1972 анҷом ёфта, аз тарафи Госстройи ИҶШС тасдиқ карда шуд. Корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ соли 1976 оғоз шуда, то соли 1992 идома ёфт.

Пешвои миллат баъди омӯзиши ҳаматарафаи мушкилоти сохтмони НБО-и «Роғун» аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои анҷоми ин иншооти аср гомҳои қатъӣ ва устувор гузоштанд.

Омӯзиш нишон дод, ки сохтмони НБО-и «Роғун» ҳам мушкилоти сиёсӣ ва ҳам молиявӣ дошт. Пешвои миллат ҳамчун сиёсатмадори дурбин бо дипломатияи ирсии хеш барои ҷаҳониён исбот намуданд, ки бунёди ин неругоҳ барои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ на танҳо хатари экологӣ эҷод намекунад, балки ба баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардуми тамоми ҷумҳуриҳои ҳамсоя мусоидат хоҳад кард, зеро инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ аз неруи барқ вобаста мебошад. Гузашта аз ин давлатҳои абарқудрате, чун Покистон, Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон ба неруи барқ ниёзи беандоза доштанд.

Масъалагузории бунёди чунин иншооти бузург дар он давраи ҳанӯз сангини вазъи сиёсию иқтисодӣ барои бархе афсона метофт, вале азму иродаи Сардори давлат қавӣ буд.        Ниҳоят баъди талошҳои зиёди Сарвари давлат соли 2007 корҳои барқарорсозӣ расман оғоз гардиданд. Ширкати дар тамоми олам маъруфи олмонии «Lahmeyer Interational» сеюмин экспертизаи НБО-и «Роғун» — ро гузаронида, дар натиҷа амалӣ намудани сохтмони маҷмааи гидроэнергетикии Роғунро ҷоиз донист.

Моҳи майи соли 2008 Роҳбари давлат барои шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва мулоқот бо сохтмончиён ба шаҳри Роғун сафари корӣ анҷом доданд. Мулоқоти самимонаи Пешвои муаззами миллат сохтмончиёнро рӯҳу илҳоми тоза бахшида, ба пешрафти корҳо такони ҷиддӣ бахшид. Боздиди Сарвари давлат аз ин иншооти муҳимми стратегӣ баъдан солҳои 2012, 2015, 2016, 2017 ва 2018 сурат гирифт.

Ҳар як ташрифи Президенти кишвар ба шаҳри Роғун такони бузурге дар пешрафти кор буд. Ниҳоят солҳои 2016 ва 2018 дар китоби таърихи миллати тоҷик чун солҳои тиллоӣ сабт гардиданд, зеро соли 2016 Сарвари давлат худашон дар сари чанбараки булдозер нишастанд ва маҷрои дарёи Вахшро бастанд ва соли 2018 нахустин агрегати ин неругоҳ ба хонадони мардуми тоҷик рӯшноӣ овард.

Пешвои миллат барои муаррифии оқибатҳои неки НБО -и «Роғун» ба ҷаҳониён иқдомоти зиёдеро амалӣ намуданд ва соли 2010 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ барои ташхиси байналмилалии лоиҳаи НБО-и «Роғун» шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Яке аз омилҳои асосие, ки ба тақвияти корҳо дар ин самт мусоидат намуд, аз усулҳои роҳбарии Пешвои миллат сарчашма мегирад. Роҳбари давлат дар тамоми мушкилиҳо ба ирода ва раъйи мардум такя мекарданд, зеро худ низ аз байни мардум баромада, мушкилоти халқро аз хама хубтар эҳсос мекунанд. Маҳз дар ҳамин лаҳзаи барои миллат тақдирсоз Пешвои миллат ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат намуданд.

Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон дар хусуси саҳмгузории аҳолӣ дар бунёди НБО-и «Роғун» ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуд. Дар андак муддати кӯтоҳ ҳазорҳо нафар мардуми ватанпарасту хайрхоҳ ба суратҳисоби неругоҳ маблағ интиқол доданд. Ин иқдом барои ҷаҳониён бори дигар собит намуд, ки мардуми Тоҷикистон аз сиёсати дурбинонаи Сарвари давлати худ ҳамеша пуштибонӣ хоҳанд кард.

Пешвои муаззами миллат дар баробари ҳалли масъалаҳои сиёсию молиявӣ вобаста ба мушкилоти НБО –и «Роғун» инчунин якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ имзо намуданд, ки ба пешрафти кори сохтмон мусоидат карданд. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2009 «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2009 «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи саҳмияҳои НБО-и Роғун», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2014 «Дар бораи аз андозбандӣ озод намудани сохтмони Неругоҳи барқии обии «Роғун» аз қабили онҳо буданд.

Тадбирҳои андешида имкон доданд, ки барои пешрафти кор дар ин самт тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, имтиёзҳои молиявӣ таъмин гарданд. Пешвои миллат дар Паёми дуюми хеш ба Маҷлиси Олӣ аз соли 2002 изҳор доштанд, ки «дар шароити кунунӣ дар назди ҷомеаи мо ҳадафи умумимиллии сохтмони неругоҳҳои барқии Сангтӯдаю Роғун, нақби Анзоб, роҳҳои мошингарди Мурғоб -Кулма — Қарақурум, Душанбе — Ҷиргатол, кони гази Хоҷа Боқирғон қарор доранд, ки бе расидан ба онҳо истиқлолияти энергетикӣ ва рушди иқтисодиёт аз имкон берун аст. Аз ин рӯ, ҳамаи имкониятро истифода бурда, дар навбати аввал сохтмони ин объектҳоро таъмин намудан зарур мебошад». Минбаъд дар тамоми паёмҳо, ки ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятноки солро муайян мекарданд, масъалаи «Роғун» нақши калидӣ дошт.

Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки аз оғози ба истифода додани чархи якум ва дуюм НБО-и «Роғун» 4,6 миллиард киловатт – соат неруи барқ тавлид кардааст. Дар шаш моҳи соли равон НБО-и «Роғун» 919, 6 миллион киловатт-соат барқ истеҳсол намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 154 миллион киловатт-соат зиёд мебошад.

Хушбахтона, иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби неруи барқ сол аз сол афзун мешавад ва суханони хирадмандонаи Пешвои миллат, ки чандин сол қабл изҳор доштанд, тадриҷан амалӣ мегарданд. Чунончи, соли гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллиарду 55 миллион киловатт-соат неруи барқ ба хориҷи кишвар содир намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли пешин 141, 5 миллион киловатт- соат зиёд мебошад.

Сафари навбатии Пешвои миллат ба шаҳри Роғун, ки 14 июл сурат гирифт, хеле бобарор буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ  қаноатмандии худро баён намуда, изҳор доштанд, ки «неругоҳи барқи обии «Роғун» дар самти расидан ба истиқлоли энергетикии кишварамон саҳми бузург мегузорад ва бунёдгарони ин кохи бошукӯҳи нур дар майдони заҳмати созанда, саҳнаи нангу номуси миллӣ шуҷоату матонат ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ нишон дода, рӯзи таърихии ба итмом расонидани сохтмони онро барои мардуми тоҷик наздик месозанд».

Имони комил дорем, ки таҳти сарварии Пешвои созандаву нурофар ва заҳмати фидокоронаи родмардони Ватан ин рӯзи фирӯз фаро хоҳад расид.

 Муҳиддин ПАЙШАНБЕЗОДА,
узви Иттифоки журналистони Тоҷикистон

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июль 28, 2022 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Риёз ҳамоиши доираҳои тиҷоратию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид
Байни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист, об ва кишоварзии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҳамкории мақомоти мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Қатар таҳким меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар Тайиланд масъалаи густариши сармоягузорию тиҷорат ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиро баррасӣ намуд
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 масъалаҳои мубрами рушди «сабз» баррасӣ шуданд
«Digital Tajikistan». Форуми байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ мусоидат мекунад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар Хатлон 11 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Шурои кории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба имзо расид
Ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» шинос гардид
Дар Тоҷикистон бо дастгири Фонди Саудии Рушд 3 лоиҳа амалӣ мегардад
Дар Душанбе нахустин маротиба Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» баргузор гардид
Масъалаи барқароркунии қатораи мусофирбари роҳи оҳани «Душанбе – Москва» ва хатсайрҳои байналмилалии автобусҳо баррасӣ гардид