Нусратулло Давлатзода: «Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 101,8 фоиз таъмин гардид»
ДУШАНБЕ, 14.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2022 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки ҷамъоварии онҳо ба зиммаи мақомоти андоз вогузошта шудааст, ба андозаи 101,8 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 7 млрд 149,4 млн сомонии пешбинишуд ба буҷети давлатӣ 7 млрд 278,5 млн сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 129,1 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода иттилоъ дод.
Мавсуф ҷорӣ гардидани имтиёзҳо ва кам кардани меъёри андозҳоро яке омилҳои таъмин гардидани нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар нимсолаи авали соли равон ном бурд. Бино ба гуфти ӯ, ҳадафи Ҳукумати мамлакат аз бештар намудани имтиёзҳо, ин аст, ки андозсупорандагон даромади худро шафофтар давра ба давра нишон диҳанд ва аз «иқтисоди пинҳонӣ» берун бароем.
«Инчунин тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, рақамикунонии соҳа, тақвият бахшидан ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкории судманд бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ имкон доданд, ки сарфи назар аз пасттар гардидани меъёри навъҳои алоҳидаи андоз натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шавад», — илова кард ӯ.
Нусратулло Давлатзода дар идома изҳор дошт, ки мақомоти барои гузоштани заминаи боэътимод ба рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва ҳукумати электронӣ пайваста чораҷӯӣ менамоянд. Дар айни замон барои шаҳрвандон ва андозсупорандагон беш аз 70 намуди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ ба роҳ монда шудаанд.
Дар шашмоҳаи якуми соли равон зиёда аз 9,6 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳо аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ошкор ва шахсони дохлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда,нисбат ба онҳо ба маблағт 101,7 млн сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ тадбиқ гардиданд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд






