«ӮРО БАРОИ ТРАФФИКИНГ* ҲАБС КАРДАНД». Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳодисаҳои хотиманаёбандаи қочоқи одамон изҳори нигаронӣ намудааст
ДУШАНБЕ, 21.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сад бор чен кардан беҳтар аст аз як бор бурида, хато кардан ва аз кори карда пушаймон шудан. Шояд ҳоло ин духтари ҷавон бо номи Гуландом, ки дар боздошт қарор дорад, ҳамин тавр фикр кунад. Аммо дер шудааст, бояд пештар фикр мекард. Охир, ҳар кас дер ё зуд барои кирдори содиркардааш ҷавоб медиҳад.
Гуландом кист ва чӣ кор кардааст? Хабарнигори мо нақл мекунад.
Гуландом Гадоева 28 сол дорад. Сокини деҳаи Чиртаки ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода аст. Вай фикри ба таври ғайриқонунӣ ба даст овардани маблағро ба сар ҷо дода, бо мувофиқаи пешакӣ бо шаҳрванди Туркия бо номи Юсуф ба боварии духтарони ҷавони тоҷик медарояд ва бо баҳонаи бардурӯғе, ки онҳоро гӯё бо кори судманд таъмин менамояд, онҳоро ба шаҳри Яловаи Туркия, ки Юсуф дар он ҷо зиндагӣ мекунад, даъват менамояд. Ҳамааш ҳамин тавр оғоз шуд…
Хулласи калом охируламр духтарон аз сабаби харидани чиптаҳои ҳавопаймо, иҷораи хона ва хӯрду хӯрок аз ӯ қарздор шуданд. Дар натиҷа Гуландом онҳоро дучори истисмори шаҳвонӣ ва маҷбуран ба танфурӯшӣ водор намуда, маблағҳои бо истисмори шаҳвонии духтарони тоҷик бадастомадаро пурра аз худ кардааст…
Нисбат ба Гуландом Гадоева Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар асоси моддаи 130 қисми 1, қисми 2, бандҳои «а», «б», «в», «д»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Дар ин бора ду моҳ қабл дар ахбори ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки тавассути шабакаи телевизионии «Тоҷикистон» пахш гардид, гуфта шуда буд. Ва ин, мутаассифона, яке аз ҳодисаҳои ҷиноии қочоқи одамон аст, ки дар иртибот ба онҳо 19 июли соли равон Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковник Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи фаъолияти ин ниҳод изҳори нигаронӣ намуд.
Ба гуфтаи ӯ, давоми 6 моҳ дар ҷумҳурӣ 53 ҳодисаи хариду фурӯши одамон ба қайд гирифта шудааст. Барои даст доштан дар ин қабил ҷиноятҳо 4 зан ва 8 мард боздошт шудаанд.
«Ин масъала хеле ташвишовар аст. Мо дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом дода истодаем, аммо, мутаассифона, ин аъмоли зишт то ҳол аз байн нарафтааст», — шарҳ дод Вазири корҳои дохилӣ. Вай зикр кард, ки шикори раҳбарони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ки духтаронро барои танфурӯшӣ ба Туркия, Амороти Муттаҳидаи Араб ва дигар кишварҳо мефиристанд, идома дорад, вале то ҳол ҳамаи онҳоро ёфтан номумкин аст. Барои мисол, аввалҳои моҳи июн як зани чинӣ дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд, ки бо баҳонаи дарёфти ҷои кори сермузд мехост занони тоҷикро ба Дубай барад.
Ба ин нигоҳ накарда, Тоҷикистон дар самти мубориза бо хариду фурӯши одамон ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардад, минҷумла дар бобати андешидани тадбирҳои пешгирикунанда, гузаронидани корҳои тафтишӣ ҷиҳати ҷустуҷӯи шахсони гумшуда, расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва таҳкими ҳамкорӣ дар ин самт. Тоҷикистон соли 2004 миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аввалин шуда, қонун дар бораи мубориза бо қочоқи инсонро қабул карда буд. Дар ҷумҳурӣ дар ҳар се моҳ бо иштироки созмонҳои ҷамъиятӣ оид ба ин мушкилӣ суҳбат гузаронида мешавад, ки мақсад аз он сафарбар намудани ҷидду ҷахди умум дар мубориза ба муқобили ин мушкил мебошад.
Муваффақияти муҳим дар ин самт таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон ва Раёсати махсуси мубориза бо хариду фурӯши одамон дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Талошҳои Тоҷикистон дар мубориза бо ин мушкилӣ қаблан дар гузориши солонаи Департаменти давлатии Амрико низ зикр шуда буданд.
Ва инак як хабари дигар: тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, 19 июли соли равон Департаменти давлатии ИМА Гузориши солонаи худро оид ба хариду фурӯши одамон дар ҷаҳон барои соли 2022 нашр кард, ки дар он вазъи ин соҳа дар 188 кишвари ҷаҳон таҳлил шудааст. Дар гузориши нав Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои арзёбии коршиносони Департаменти давлатии Амрико мақоми худро дар Гурӯҳи дуюм (сатҳи 2) нигоҳ доштааст. Ба ин гурӯҳ кишварҳое шомил мегарданд, ки талоши ҳукуматҳояшон мулоҳиза дар мубориза бо қочоқи инсон ва кори иҷборӣ қобили таҳсин шуморида шудааст.
Зебо ЮСУФ,
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: скриншот аз ахбори ҷиноятии Телевизиони «Тоҷикистон»
_______________
*Трафикинг (анг. Trafficking) – кирдори ҷитноятӣ вобаста ба савдои одамон ба мақсади истифодаи онҳо ҳамчун ғуломи меҳнатӣ ё шаҳвонӣ








Дар вилояти Хатлон оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҷаласа доир шуд
ҲАДАФ-ҲИФЗИ ПАРАНДАГОН ВА ҲАЙВОНОТ. Дар Тоҷикистон корҳои биотехникӣ гузаронида мешаванд
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо таҷҳизоти муосири омӯзишӣ таъмин карда мешаванд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон ҳашари барфтозакунӣ ташкил гардид
Аз шаби дирӯз то имрӯз дар масири Душанбе-Чанок 29 тарма фаромадааст
Лоиҳаи нави барномаи грантии Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи таҳсилоти касбӣ-техникӣ баррасӣ шуд
ПЕШГИРИИ ОВОРАГАРДИИ НОБОЛИҒОН. Бо ин мақсад дар шаҳри Бохтар санҷиши шабона гузаронида шуд
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Пагоҳ дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми харид ва истифодаи маҳсулоти консервашуда бо диққат бошед!»
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Дар рӯзҳои зимистон чӣ гуна худро аз сармо эмин нигоҳ дорем?
Ба занону духтарони ноҳияи Рашт татбиқи стратегияҳои миллӣ фаҳмонида мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






