ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 июл, чоршанбе, 187-умин рӯзи соли 2022 аст

Июль 6, 2022 08:00

6 июли соли 2004  бо иштироки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари исмоилиёни ҷаҳон Шоҳкарим ал-Ҳусайнӣ Оғохони чаҳорум ва ноиби вақти Раиси Ҳукумати Интиқолии Исломии Афғонистон Неъматулло Шаҳронӣ дар болои дарёи Панҷ дуюмин пул ба истифода дода шуд, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон пайваст намуд.

***

13 сол пеш, 6 июли соли 2009 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва ёвари вақти Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Америка, аз ҷумла рушди ҳамкории иқтисодӣ дар соҳаҳои энергетика ва коммуникатсияро, ки аҳамияти калони минтақавӣ дорад, баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 зимни гуфтугуи телефонии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ибрози умед карда шуд, ки иртиботи дӯстона ва бисёр хуби ду кишвар дар оянда низ рушди матлуб касб намуда, ба нафъи мардумони Тоҷикистону Қазоқистон ва кулли минтақа хизмат хоҳанд кард.

 6 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Лесото – Рӯзи оила.

 ***

Дар Қазоқистон — Рӯзи пойтахт.

РӮЙДОДҲО:

6 июли соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар муаррифии «Маркази байналмилалии молиявии Остона» иштирок карданд.

***

6 июли соли 2004 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хишти аввали Донишгоҳи Осиёи Марказӣ гузошта шуд.

***

6 июли соли 2018 масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

***

6 июли соли 1942 Аргентина дар бораи бетарафии худ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон хабар дод.

***

77 сол пеш, 6 июли соли 1945 Никарагуа дар ҷаҳон аввалин мамлакате гардид, ки Хартияи СММ-ро тасдиқ намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1992 Созишномаи давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Дар бораи  воситаҳои огоҳкунанда оид ба ҳамлаи ракетавӣ ва идораи фазои кайҳонӣ» ба имзо расид.

***

6 июли соли 1863 дар Фаронса калонтарин бонк бо номи«Credit Lyonnais» ба истифода дода шуд.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2012 ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аввалин парвози ҳавопаймояшро дар самти Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе роҳандозӣ кард.

Июль 6, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш