«Телевизиони Сафина» шумораи барномаҳои «ток шоу»-ро бештар менамояд
ДУШАНБЕ, 26.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» нақша дорад, ки барномаҳои «ток шоу»-ро бештар намоиш диҳад. Инчунин рӯзҳои наздик 7 барномаи нав, ки ба масъалаҳои мубрами рӯз бахшида шудаанд, пешниҳоди бинандагон гардонида мешаванд. Дар ин бора имрӯз, 26 июл зимни нишасти матбуотии муассисаи мазкур иттилоъ дода шуд.
Ба зикри муовини якуми Директори МД «Телевизиони Сафина» Карими Азиз, дар шаш моҳи соли 2022 «Телевизиони Сафина» якчанд барнома ва лоиҳаҳои нав роҳандозӣ намуд. Аз ҷумла, барномаҳои «Дари умед», «Соядаст», «Чарх бизан», «Чеҳраи ноошно», «Хати зиндагӣ» ва дигар барномаҳо рӯи кор омада, доираи бинандагони худро пайдо карданд.
«Дар самти эълони Панҷсолаи рушди саноат, ки аз нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат дар соҳаи иқтисодиёт мебошад, идораи барномаҳои иттилоотии муассиса давоми шаш моҳ 54 гузориш аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат таҳия ва пахш кард. Ба ҷуз ин барномаи «Тавозун» таҳия ва пахш карда шуд, ки ба мавзӯъҳои саноатикунонӣ ва пешрафти иқтисодиёти кишвар бахшида шудааст», — афзуд Карими Азиз.
Дар шаш моҳи соли 2022 МД «Телевизиони Сафина» бо мақсади муаррифии шоистаи Тоҷикистон тавассути ҳунару маҳорати соҳибистеъдодҳои кишвар, баланд бардоштани мақому нуфузи ҷумҳурӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав ҳамкориро бо телевизионҳои хориҷи кишвар тақвият бахшида, дар амалисозии фасли дуюми лоиҳа- озмуни байналмилалии «Central Asias Got Talent» («Осиёи Марказӣ истеъдод меҷӯяд») дар якҷоягӣ бо шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон иштирок намуд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд






