«Телевизиони Сафина» шумораи барномаҳои «ток шоу»-ро бештар менамояд

Июль 26, 2022 16:57

ДУШАНБЕ, 26.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» нақша дорад, ки барномаҳои «ток шоу»-ро бештар намоиш диҳад. Инчунин рӯзҳои наздик 7 барномаи нав, ки ба масъалаҳои мубрами рӯз бахшида шудаанд, пешниҳоди бинандагон гардонида мешаванд. Дар ин бора имрӯз, 26 июл зимни нишасти матбуотии муассисаи мазкур иттилоъ дода шуд.

Ба зикри муовини якуми Директори МД «Телевизиони Сафина» Карими Азиз, дар шаш моҳи соли 2022  «Телевизиони Сафина»  якчанд барнома ва лоиҳаҳои нав роҳандозӣ намуд. Аз ҷумла, барномаҳои «Дари умед», «Соядаст», «Чарх бизан», «Чеҳраи ноошно», «Хати зиндагӣ» ва дигар барномаҳо рӯи кор омада, доираи бинандагони худро пайдо карданд.

«Дар самти эълони Панҷсолаи рушди саноат, ки аз нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат дар соҳаи иқтисодиёт мебошад, идораи барномаҳои иттилоотии муассиса давоми шаш моҳ 54 гузориш аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат таҳия ва пахш кард. Ба ҷуз ин барномаи «Тавозун» таҳия ва пахш карда шуд, ки ба мавзӯъҳои саноатикунонӣ ва пешрафти иқтисодиёти кишвар бахшида шудааст», — афзуд Карими Азиз.

Дар шаш моҳи соли 2022 МД «Телевизиони Сафина» бо мақсади муаррифии шоистаи Тоҷикистон тавассути ҳунару маҳорати соҳибистеъдодҳои кишвар, баланд бардоштани мақому нуфузи ҷумҳурӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав ҳамкориро бо телевизионҳои хориҷи кишвар тақвият бахшида, дар амалисозии фасли дуюми лоиҳа- озмуни байналмилалии «Central Asias Got Talent» («Осиёи Марказӣ истеъдод меҷӯяд») дар якҷоягӣ бо шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон иштирок намуд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
 

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 26, 2022 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Ҷопон густариш меёбад
ШОҲНОМАПАЖӮҲӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ҳадафи ниҳоии Фирдавсӣ аз иншои асараш инсонсозӣ бо ҳувияти миллӣ будааст
Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад
Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд