Тоҷикистон ба тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ бо Арабистони Саудӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд
ДУШАНБЕ, 04.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Арабистони Саудӣ, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ин нукта имрӯз зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон зикр гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Дар мулоқот тазаккур дода шуд, ки муносибатҳо ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва бо дарназардошти манфиатҳои тарафайн густариш ёфта истодаанд.
Маҳмадтоир Зокирзода зикр кард, ки соли равон Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатиро ҷашн хоҳанд гирифт.
«Механизми муҳими ҳамкорӣ байни кишварҳо Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ мебошад, ки нишасти навбатии он соли равон дар Душанбе дар назар аст ва умед дорем, ки ҷаласаи мазкур ба нафъи ҳарду давлат хизмат менамояд. Ҳамзамон соли 2022 баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дар назар аст», — иброз намуд Раиси Маҷлиси намояндагон.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар Маҷлиси намояндагон Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ босамар фаъолият дорад.
Акс: МН МО ҶТ








Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд
Мавсума Муинӣ бо раиси Комиссияи Сенати Шоҳигарии Камбоҷа оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрӣ намуд
Мавсума Муинӣ бо роҳбари ҳайати Подшоҳии Баҳрайн Аҳмад Алсаллум вохӯрӣ намуд






