ТОҶИКИСТОН ДАР ШАРОИТИ ДОИМАФЗОЯНДАИ АҲОЛӢ БОЗОРИ ДОХИЛИРО ЧӢ ТАВР МЕТАВОНАД БО МАҲСУЛОТ ТАЪМИН НАМОЯД? Ба ин саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Вазири кишоварзии мамлакат посух дод

Июль 13, 2022 17:55

ДУШАНБЕ, 13.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи аҳолии Тоҷикистон сол то сол афзоиш меёбад. Табиист, ки бо зиёд шудани аҳолии мамлакат талабот ба маҳсулоти истеъмолӣ низ зиёд мегардад. Вазорати кишоварзии мамлакат барои таъмини амнияти озуқаворӣ кадом тадбирҳоро меандешад?

Ба ин саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯза Давлатзода Вазири кишоварзии мамлакат Саъдӣ Каримзода имрўз зимни нишасти матбуотӣ чунин посух дод: «Барои таъмини амнияти озуқаворӣ, пеш аз ҳама майдони кишт ва ҳосилнокиро зиёд намудан лозим аст. Аммо дар шароити Тоҷикистон, ки асосан аз кӯҳсор иборат аст, наметавонем майдони киштро зиёд намоем. Аз ин рў, баҳри ҳосилнокии баланди зироатҳо тадбирҳои муассир меандешем. Дар ин самт Вазорати кишварзӣ як қатор тадбирҳоро амалӣ намуда истодааст. Ворид намудани тухми элитаи картошка ва гандум аз хориҷӣ кишвар аз ҷумлаи ин тадбирҳо мебошад. Ҳамчунин бо ин мақсад лоиҳаи нав аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ амалӣ гардида истодааст».

Дар нишаст гуфта шуд, ки Бонки умумиҷаҳонӣ маблағи грантиро дар ҳаҷми 58 миллион доллари ИМА барои татбиқи Лоиҳаи таҳкими устувории соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон тасдиқ намуд. Лоиҳа барои ба тағйирёбии иқлим бештар тобовар ва устувор намудани соҳаи кишоварзӣ, ки асоси иқтисодиёт ва манбаи даромади аҳолии кишвар мебошад, мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин Лоиҳа рушди шабакаи тухмиҳои навъҳои тобовар, ниҳолҳо ва маводҳои кӯчатро барои бо миқдор ва сифати зарурӣ бо онҳо таъмин намудани хоҷагиҳо дастгирӣ мекунад. Сармоягузорӣ ба технологияҳои истеҳсол ҷиҳати баланд бардоштани истеҳсолот ва маҳсулнокӣ муҳим аст. Он ба таъмини амнияти озуқаворӣ, самаранок истифода бурдани дигар захираҳо, ба монанди об, нуриҳо ва доруҳои зидди ҳашарот мусоидат кӯмак хоҳад намуд.

«Ҳамчунин барои таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти кишоварзӣ истифода намудани заминҳои корами обӣ ва гирифтани 2-3 ҳосил аз онҳо яке аз ҳадафҳои имрӯзаи Ҳукумати мамлакат ва кишоварзон мебошад. Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ, тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 июли соли равон, дар майдони 70443 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7948 гектар ё 12,7 фоиз зиёд буда, ба 73,4 фоизи дурнамо баробар мебошад»,- гуфт Саъдӣ Каримзода.

Тибқи тавсияи олимони соҳаи кишоварзии мамлакат, таъмини нуриҳои минералӣ ба зиёд шудани маҳсулоти кишовразӣ таъсир мерасонад. Аммо Вазорати кишовразии мамлакат иттилоъ дод, ки дар шашмоҳи соли равон тақрибан 39 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ кам ба кишвар ворид карда шудаанд.

Ба гуфтаи Саъдӣ Каримзода, дар шашмоҳи соли равон 104 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ба маблағи 35 млн доллар ворид гардид, ки ин рақам дар соли гузашта 143 ҳазор тоннаро ташкил медод.

«Кам ворид гардидани нуриҳои минералӣ аз болоравии арзиши он дар соли равон вобаста буд. Зеро арзиши истеҳсоли худи нуриҳо боло равтааст. Камчинии нуриҳои минералӣ ба камҳосилӣ оварда мерасонад. Аз ин рӯ, кишовразони мамлакат дар ин шабу рӯз кӯшиш доранд аз нуриҳои органикӣ ва нуриҳои маҷмуавӣ, ки ба таври моеъ истеҳсол мешаванд, истифода намоянд»- илова кард Вазири кишоварзии мамлакат.

Ҳамчунин дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр шд, ки дар шаш моҳи аввали соли равон аз ҷумҳурӣ ба дигар давлатҳо 113,6 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 26,2 млн доллари ИМА содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рўи ҳаҷм 7,6 ҳазор тонна ё 6,9 фоиз зиёд мебошад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС АМИТ «Ховар

Июль 13, 2022 17:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд