ҲУШДОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Тоҷикистонро ҳарорати паст ва ҳавои хокбориш интизор аст

Июль 28, 2022 10:44

ДУШАНБЕ, 28.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ медиҳад, ки аз 29 июл то 1 август бо сабаби канда шудани ҳаракати мавҷҳои гарм аз тарафи ҷануб дар мамлакат пастшавии ҳарорат дар назар буда, хокбориш ба амал меояд.

Дар баъзе ноҳияҳо шамол бо сурътаи 15-20 метр дар як сония мевазад. Дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва тобеи марказ чангу ғубор ба амал меояд.

Бино ба иттилои манбаъ, имрӯз бар асари ҳавои гарм дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон хатари болоравии сатҳи об дар назар аст.

28-30 июл обуҳавошиносон омадани селҳоро бар асари об шудани пиряхҳо ва барфҳо дар баландкӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ, ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ пешгӯӣ мекунанд.

Дар иртибот ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро огоҳ менамояд, ки дар ин рӯзҳо ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд.

Вобаста ба рӯзҳои хокбориш табибон тавсия медиҳанд, ки мубталоёни бемориҳои дилу рагҳо ва нафароне, ки гирифтори бемории дамкӯтоҳӣ ҳастанд, дар чунин ҳолатҳо эҳтиёткор бошанд. Инчунин дар ин гуна вазъи ҳаво табибон ба нафароне, ки гирифтори бемориҳои роҳҳои нафас, диққи нафас ва ҳассосият ҳастанд, тавсия медиҳанд, ки барои ҳифзи саломатии худ аз ниқоб истифода баранд. Зеро ин гуна ҳолат метавонад боиси авҷ гирифтани бемориҳо гардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 28, 2022 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд