2 август Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хизмати давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 01.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 август Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шашмоҳи аввали соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм нишасти матбуотиро соати 08:00 дар Агентии мазкур (кӯчаи Айнӣ, 126, бинои КВД «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе», ошёнаи 3) доир менамояд.
Нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оила соати 10:00 дар Кумитаи кор бо занон ва оила (кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо 3, собиқ бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) баргузор мешавад.
Агентии хизмати давлатӣ нишасти матбуотиро соати 14:00 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо менамояд.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-52-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 доир карда мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






