Анҷумани VIII маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд» оғоз гардид

Август 12, 2022 15:37

ДУШАНБЕ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Анҷумани VIII маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд» ифтитоҳ гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи мазкур.

Дар оғози ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати пешгирифтаи худ ҳамеша ба қишри ҷавони кишвар аҳамияти хосса дода, барои соҳибкасбу соҳибдониш гардидани онҳо кулли шароити заруриро фароҳам овардааст.

«Ҳамин аст, ки имрӯз ҷавонони Тоҷикистон баробари таҳсил дар муассисаҳои олии кишвар ҳамчунин дар донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ низ пайи таҳсиланд. Тибқи маълумот, айни ҳол дар 56 кишвари ҷаҳон ҷавонони мамлакат таҳсил доранд. Шумораи ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳад», — гуфт Абдулло Раҳмонзода.

Роҳбари маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Хусрав Аюбов зикр намуд, ки маҳфили мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2014 дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъсис дода шуда, айни ҳол намояндагии он дар 18 давлати дунё фаъолият менамояд.

«Имрӯз ҷавонони тоҷик дар бонуфузтарин донишгоҳҳои дунё таҳсили илм намуда, баҳри тарғибу ташвиқ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ талош варзида истодаанд. Имрӯз аъзои маҳфил бахшида ба ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ бо доираи васеи тоҷикони муқими давлатҳои хориҷӣ ва намояндагии дигар давлатҳо барномаҳои гуногун доир менамоянд, ки ин барои муаррифии давлату миллат, фарҳанги волои тоҷикон ва дигар арзишҳои миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад»,- иброз дошт ӯ.

Фаъолияти намояндагиҳои маҳфил дар ин давра дар давлатҳои Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қазоқистон, Украина, Беларус, Лаҳистон, Германия, ИМА, Туркия, Малайзия, Италия, Чехия ва Фаронса ба роҳ монда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки кори Анҷумани VIII маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд» то 15 август идома меёбад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 12, 2022 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид