Ба буҷети Тоҷикистон аз «андозбандиҳои Google» зиёда аз 1,5 млн сомонӣ маблағ ворид гардид

Август 15, 2022 15:28

ДУШАНБЕ, 15.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2022 ба буҷети ҷумҳурӣ аз тарафи ширкатҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон ба хизматрасониҳои электронӣ машғуланд, зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ андоз аз арзиши иловашуда ворид гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти боби 43 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати андозбандии даромади шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматрасониҳои электронӣ машғул мебошанд (ба истилоҳ «андозбандии Google»), дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби мақомоти андоз андешидашуда ба ҳолати 1 августи соли 2022 дар маҷмӯъ 23 адад ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Google Commerce Limited, Meta Platforms Irland Limited, Apple Distribution International Limited, Netflix International B.V., Amazon Web Services EMEA SARL ва ғайраҳо дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шудаанд. Дар шашмоҳаи аввали соли 2022 аз тарафи ин ширкатҳо аз ҳисоби хизматрасониҳои электронии ба шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдода тибқи тартиби муқарраршуда, ба мақомоти андоз эъломияҳои андоз пешниҳод гардида, ба маблағи зиёда аз 1,5 млн сомонӣ андоз аз арзиши иловашуда ҳисоб ва ба буҷети давлатӣ пардохт карда шуд.

«Ҳамзамон бо мақсади дарёфти манбаъҳои иловагии андозбандӣ, анҷом додани корҳои профилактикӣ ва таъмини риояи муқаррароти қонунгузории андоз аз ҷониби ширкатҳои хориҷие, ки тавассути шабакаҳои интернет ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои электронӣ анҷом медиҳанд, ба суроғаи электронии дигар ширкатҳои хориҷие, ки ба фаъолияти хизматрасонии фосилавӣ машғул мебошанд, мактубҳои дахлдор ирсол карда шуда, онҳо тибқи тартиби муқарраршуда худро дар мақомоти андоз дар шакли электронӣ ба сифати андозсупоранда ба қайди давлатӣ гузошта истодаанд»,- гуфтанд дар Кумитаи андоз.

Раъно НУСРАТУЛЛОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: манбаъҳои боз

Август 15, 2022 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд