Ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар ҳаҷми 61 млн сомонӣ сармоягузорӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 15.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар ҳаҷми 61 млн сомонӣ сармоягузорӣ карда шуд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,3 маротиба зиёд мебошад. Дар ин бора ба Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода зимни боздид аз минтақаи мазкур иттилоъ дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, Завқӣ Завқизода бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди минтақаи озоди иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳалли саривақтии масъалаҳои мавҷудаи минтақаи мазкур, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ аз Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дидан намуд.
Зимни боздид аз Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» аз ҷониби З. Завқизода ба масъулин ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор оид ба ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, рушди инфрасохтори минтақа ва ба ин васила зиёд намудани ҷойҳои нави кор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Аз оғози фаъолият дар минтақа 431 ҷойи нави кор таъсис дода шуда, 59-тои он дар 6 моҳи соли равон таъсис дода шудааст. Маҳсулоти конструксияи металлии корхонаи Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар иншооти муҳими давлатӣ, аз ҷумла дар манораи 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ, бинои баландошёнаи Хадамоти алоқа ва сохтмони пулҳо истифода шудаанд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Дар ноҳияи Роштқалъа дуюмин Парки технологӣ бунёд карда мешавад
Паём – санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамо барои рушди устувори Тоҷикистон
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи энергетикии ИМА баррасӣ шуд
Заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Нуробод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Ҳисор 103 фоиз иҷро гардид
Файзиддин Қаҳҳорзода ва Абебе Адугна ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои энергетика ва нақлиёт таваҷҷуҳ зоҳир намуданд
Самтҳои афзалиятноки татбиқи марҳилаи нави Барномаи БОМКА-11 баррасӣ шуданд
РУШДИ САНОАТ. Давоми се моҳ дар ноҳияи Ёвон 3 коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ тақвият меёбад






