Дар ҷаҳон беш аз 340 миллион нафар аз норасоии ғизо азият мекашанд

Август 25, 2022 12:40

ДУШАНБЕ, 25.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди афроде, ки дар ҷаҳон ба норасоии шадиди ғизо мувоҷеҳ шудаанд, ба 340 миллион нафар расид. Тавре АМИТ  «Ховар»  бо истинод ба агентии «Reuters» иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзи чоршанбе,  24 август дар Барномаи умумиҷаҳонии озуқавории  СММ хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки ин рақам аз соли 2019 инҷониб беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст. Ба афзоиши он пандемияи COVID-19,  низоъҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва тағирёбии иқлим таъсир расонд. Пешгӯи карда мешавад, ки шумораи одамоне, ки дар фақр зиндагӣ мекунанд ва аз гуруснагӣ азият мекашанд, афзоиш меёбад.

Мушкилоти экологӣ низ аз омилҳои манфие ба шумор мераванд, ки ба вазъи озуқаворӣ дар ҷаҳон таъсир мерасонанд.

Барномаи умумиҷаҳонии озуқавории  СММ аз 16 миллион нафари ниёзманд ба кумаки ғизоӣ 13 миллионашро дастгирӣ менамояд. Аммо ин кумак низ нокифоя аст, зеро он танҳо нисфи ниёзҳои ҳаррӯзаи ниёзмандро мепӯшонад. Сабаби он нокифоя будани маблағгузории барнома арзёбӣ мегардад.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 25, 2022 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд