Дар Бадахшон бинои нави бахши Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ ёфт

Август 18, 2022 14:38

ДУШАНБЕ, 18.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест -2022» дар Бадахшон бинои бахши Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон»- и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба истифода дода шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ.

Дар маросими ифтитоҳи бинои нав Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, роҳбари намояндагии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лени Монтиел ва дигар намояндагони шарикони рушд иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди соҳибкорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохиливу хориҷӣ ислоҳот гузаронида шуд. Дар ин раванд рушди институтсионалии соҳа низ ташаккул ёфта, бо мақсади дастгирии методӣ ва машваратии соҳибкорон, аз ҷумла соҳибкорони ҷавон Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон»- и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар Бадахшон Директори Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» Дилшод Ҷуразода гуфт, ки «бинои бахши муассиса дар шаҳри Хоруғ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар он барои соҳибкорон имконияти нав фароҳам оварда шудааст, то бо соҳибкорони муваффақи ватаниву хориҷӣ мубодилаи афкор ва таҷриба намоянд».

Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» имконияти мусоидро барои рушди соҳибкории хурду миёна дар кишвар фароҳам оварда, дар баланд бардоштани маърифати соҳибкорӣ ва малакаҳои тиҷоратии ҷавонон саҳми назаррас мегузорад.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ

Август 18, 2022 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд