Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ доир шуд

Август 27, 2022 09:00

ДУШАНБЕ, 27.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 26 август дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид. Рӯзномаи Кумитаи иҷроияи ФФТ аз панҷ банди асосӣ иборат буд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ФФТ хабар медиҳад.

Дар оғози ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ санаи баргузории Конгресси навбатӣ, ки 9-уми декабри соли равон баргузор мешавад, тасдиқ шуд.

Сипас сармураббии тими миллии Тоҷикистон, мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт оид ба омодагӣ ва баромади даста дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 гузориши муфассал дод. Мунтахаби Тоҷикистон барои нахустин бор дар таърихи худ тавонист ба қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёбад. Дар умум фаъолияти Сегрт ба ҳайси сармураббии яккачини миллии мамлакат қаноатбахш дониста шуд.

Баъдан ҳисоботи роҳбари Шӯро оид ба иҷрои нақшаи стратегии рушди футбол дар Тоҷикистон «Орзу-2026» Анваршо Мирзоев шунида шуд. Мирзоев дар баромади худ аз баромади дастаҳои ҷавонону наврасони Тоҷикистон дар солҳои охир, мушкилоти асосии дастаҳо, инчунин кор дар футболи наврасони кишвар ибрози назар кард.

Ҳамзамон аъзои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон натиҷаҳои аудити фаъолияти молиявии ФФТ барои соли 2021-ро тасдиқ карданд.

Абдураҳим Бобоев, муовини сардори шуъбаи иншоотҳои варзишии ФФТ ба аъзои Кумитаи иҷроияи ФФТ оид ба рафти сохтмони маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дастаҳои мунтахаби кишвар дар ноҳияи Варзоб маълумот дод.

Дар анҷоми ҷаласа аъзои Кумитаи иҷроияи ФФТ мушкилоти мубрами футболро дар кишвар баррасӣ карданд.

Акс: ФФТ

Август 27, 2022 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад