Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ баргузор шуд

Август 12, 2022 15:41

ДУШАНБЕ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти роҳбарии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молия хабар доданд, дар кори ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ аъзои Шӯро–роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Ҳадафи ҷаласа- мониторинги раванди иҷрои Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии он барои солҳои 2021-2023, инчунин баррасии дигар масъалаҳои марбут ба идоракунии молияи давлатӣ мебошад.

Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода зикр намуд, ки низоми идоракунии молияи давлатӣ бо дастгирӣ ва роҳнамоии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол такмил ёфта, барои ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардидани он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд тадбирҳои зиёди ислоҳотӣ амалӣ шуданд ва он идома дорад.

Дар доираи Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тадбирҳо дар самти беҳтар намудани низоми банақшагирӣ ва буҷетикунонии хароҷоти давлатӣ, дурнамосозии даромадҳо, таъмини шаффофият тавассути дастрасӣ ба маълумоти буҷетӣ, ҳисоботдиҳӣ, идоракунии қарзи давлатӣ, рушди бозори давлатии коғазҳои қиматнок, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар низоми идоракунии молияи давлатӣ, инчунин баланд бардоштани мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандиҳои ҷаҳонӣ чун самтҳои дорои афзалият муайян карда шудаанд.

Зикр шуд, ки дар асоси тавсияҳои шарикони рушд идома додани тадбирҳои иловагии ислоҳотӣ дар низоми идоракунии молияи давлатӣ маҷмӯан барои ҷорӣ гардидани меъёр ва стандартҳои нав дар ин бахш ва таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии мамлакат мусоидат хоҳад намуд.

Дар ҷаласа натиҷаҳои ҳисоботи Баҳодиҳии хароҷоти давлатӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ (PEFA) аз ҷониби муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Қурбониён муаррифӣ карда шуд.

Зикр шуд, ки Баҳогузории вазъи мавҷудаи низоми идоракунии молияи давлатӣ бо мақсади ҳамоҳангии қадамҳои минбаъда ҷиҳати татбиқи сифатнокии Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо истифода аз унсурҳои байналмилалии баҳогузорӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Дар ин раванд истифодаи механизми Баҳодиҳии хароҷоти давлатӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ (PEFA) яке аз воситаҳои асосии мониторинг ва баҳодиҳии татбиқи амалии ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва ислоҳоти пешбинишуда, аз ҷумла муайян намудани паҳлуҳои мусбат ва заифи онҳо ба шумор меравад.

Аъзои Шӯро дар ҷаласа вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва ҳамоҳангсозии фаъолияти минбаъда, инчунин муайян намудани тадбирҳои муосир барои амалӣ намудани Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 12, 2022 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд