Дар Ҳисор ба ниёзмандон, омӯзгорону табибон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ қитъаи замин доданд

Август 29, 2022 10:46

ҲИСОР, 29.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо иштироки Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар мавзеи Ҳалқадашти Ҷамоати деҳоти ба номи Турсунзода ба 121 нафар ниёзмандоне, ки солҳо инҷониб дар навбати гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ буданд, ба таври озоду шаффоф ва ба тариқи қуръапартоӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақсим гардид. Дар ин бора котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод.

Бо дастури Раиси шаҳри Ҳисор ба омӯзгорону табибон, нафароне, ки ду фарзандашон адои хизматӣ ҳарбӣ намудаанд, маъюбон, кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот бе навбат, бе иштирок дар қуръапартоӣ ва бо хоҳиши худашон ҳуқуқи дар ҷойи дилхоҳашон интихоб кардани қитъаи замин дода шуд. Дигарон ба тариқи қуръапартоӣ  соҳиби қитъаи замин гардиданд.

Ҳамчунин аз ҷониби Раиси шаҳр Ҳисор дар маъракаи тақсими замини наздиҳавлигӣ  иброз гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр минбаъд низ ба нафароне, ки вазифаҳои давлатию хизматии хешро содиқона адо менамоянд, дар дастрасӣ ба замин ва дигар имтиёзҳои давлатӣ бартарият дода мешавад.

Раиси шаҳр шаҳрвандонеро, ки соҳиби замин шуданд, муборакбод гуфта, онро туҳфаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили 31-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номид. Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо сарварии роҳбари адолатпешаи худ барои бо манзил таъмин гардидани шаҳрвандони мамлакат пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Дар маъракаи тақсими замин ниёзмандон аз ҷамоатҳои шаҳраки Ҳисор ва деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода иштирок карда, ба роҳбарияти олии кишвар барои ғамхории пайваста изҳори сипос намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Август 29, 2022 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд