Дар Маркази навбунёди «Ортопедия ва технологияи муосир»-и Хуҷанд табибони варзидаи Ҳиндустон машварати ройгон доир намуданд

Август 22, 2022 11:53

ДУШАНБЕ, 22.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 19-20 август дар Маркази навбунёди «Ортопедия ва технологияи муосир»-и шаҳр 3 нафар табиби варзидаи кишвари Ҳиндустон машваратҳои ройгон доир намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд, 3 нафар табибони варзидаи  Ҳиндустон: доктор Ажитабх Шривастава, Арун Кумар Гири ва Нагеш Чандра дар Маркази навбунёди «Ортопедия ва технологияи муосир»-и шаҳри Хуҷанд оид ба бемориҳои гуногун, аз ҷумла трансплантатсия, ҷигар, гепатология, ҳама намуди варамҳо, амалиёти онкологӣ, иваз кардани зонуҳои роботӣ, ҷарроҳии сутунмӯҳра ва нейрохирургия, деформатсияи устухон ва ғайра машваратҳои комилан ройгон гузаронида, беморонро ба табобат раҳнамоӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 12 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ортопедия ва технологияи муосир»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ортопедия ва технологияи муосир» аввалин маркази махсусгардонидашудаи осебшиносӣ ва раддодӣ дар ҷумҳурӣ буда, бо таҷҳизоти замонавии ташхису табобат муҷаҳҳаз мебошад.

Бинои марказ аз 3 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум қабулгоҳ, ташхисгоҳ, дармонгоҳ, шуъбаи рентгени рақамӣ ва стомотологӣ, 14 ҳуҷраи кории кормандон ҷойгир аст.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти марказ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки таҷҳизоти тиббӣ аз Кореяи Ҷанубӣ, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи як миллиону яксаду панҷоҳ ҳазор сомонӣ дастрас карда шудааст.

Дар марказ дастгоҳҳои артоскопӣ, рентгени рақамӣ, таҷҳизоти электронӣ–оптикӣ, ултрасадо, денситометрия, кардиомонитор, тамизгардонӣ, мизи ҷарроҳӣ, кати функсионалии “Армед” истифода мегарданд.

Самти дигари фаъолияти марказ таълимӣ буда, дар он хатмкардагони донишгоҳҳои тиббӣ метавонанд такмили ихтисос намуда, давраи интернатура ва ординатураи клиникавии худро гузаронанд.

Ба шарофати ба истифода додани ин марказ 30 нафар мутахассисони соҳаи тиб ва дигар шаҳрвандон бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Август 22, 2022 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад