Дар Палатаи савдо ва саноат имконоти сармоягузории Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ намуданд

Август 2, 2022 09:03

ДУШАНБЕ, 02.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷалби сармояи мустақими Ҷумҳурии Туркия ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди корхонаҳои муштарак ва имконияти сармоягузории ҷумҳурӣ аз масъалаҳое буданд, ки зимни вохӯрии муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова бо Раиси Палатаи савдо ва саноати шаҳри Болуи Туркия — Туркер Атеш ва менеҷери Минтақаи махсуси саноатии муташаккили саноатии омехта ва нассоҷии минтақаи Болу Мустафо Гулен баррасӣ гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ Манзура Рустамова оид ба фаъолият ва нақшаҳои ояндаи Палата дар самти баргузории намоишгоҳҳо, бизнес-форумҳо ва дигар чорабиниҳои тиҷоратӣ ба онҳо маълумот дод. Ҳамчунин ӯ меҳмонҳоро даъват намуд, ки ҷиҳати иштироки ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Болу зимни баргузории чорабиниҳои тиҷоратӣ дар қаламрави Тоҷикистон мусоидат кунанд.

Ҷаноби Туркер Атеш баргузории намоишҳои зикргардидаро барои  рушди фаъолияти бахши хусусӣ иқдоми нек шуморида, иброз намуд, ки барои иштироки ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Туркия дар чорабиниҳои тиҷоратии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоршаванда тадбир меандешанд.

 Манзура Рустамова зимни мулоқот ҷиҳати ҷалби сармояи мустақими Туркия ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар, бунёди корхонаҳои муштарак, имконияти сармоягузории ҷумҳурӣ, имтиёзҳои пешбининамудаи Ҳукумати кишвар доир ба дастгирии соҳибкорону сармоягузорон ва рушди табодули молу маҳсулот миёни кишварҳои якдигар ба меҳмонон маълумоти мушаххас ва Роҳнамои тиҷоратӣ  пешниҳод намуд.

АКС: Маркази матбуоти ПСС ҶТ

Август 2, 2022 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд