Дар вилояти Суғд нуқтаҳои фурӯши ангишт кушода шуданд
ДУШАНБЕ, 31.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд нуқтаҳои фурӯши ангишт кушода шуда, ҳаҷми истихроҷи ангишт дар вилоят аз аввали соли 2022 ба зиёда аз 939,7 ҳазор тонна расидааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти маъмурияти вилоят. Ин миқдор дар вилояти Суғд нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 45,3 ҳазор тонна зиёд мебошад.
«Имсол дар вилоят зиёда аз 200 адад нуқтаҳои доимӣ ва 350 нуқтаи сайёри фурӯши ангишт фаъолият намуда, ниёзи мардумро қонеъ гардониданд»,-омадааст дар хабар. Ғайр аз ин дар вилоят кариб 400 нуқтаи доимӣ ва 6 нуқтаи сайёри фурӯши гази моеъ мавҷуданд. Ҳоло захиракунии ангишт ва ҳезум дар муассисаю ташкилоти вилоят идома дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки нақшаи пешбинишударо таъмин намуда, ҳаҷми захираи маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзиро дар анборҳои яхдондор зиёд намоянд.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, дар 8 моҳи имсол дар Тоҷикистон беш аз 1 миллиону 200 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 136,7 ҳазор тонна зиёд аст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 14 корхонаи истихроҷи ангишт фаъолият доранд, ки дар онҳо қариб 2000 нафар мутахассисон кор мекунанд. То охири соли 2022 дар ҷумҳурӣ истихроҷи 2,7 миллион тонна «тиллои сиёҳ» дар назар аст.
АКС аз манбаъҳои боз








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






