Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии шоҳмот аввалин пирӯзӣ ба даст овард

Август 1, 2022 14:30

ДУШАНБЕ, 01.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, дирӯз дар доираи бозиҳои даставии Олимпиадаи умумиҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби яккачини Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 4:0 ғолиб омада, аввалин пирӯзии хешро истиқбол гирифт. Дар ин бора аз Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Аз ин пеш дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар ҳайати Сабрина Абророва, Рухшона Саидова, Мутриба Ҳотамӣ ва Лидия Антонова дар доираи бозиҳои даставии Олимпиадаи умумиҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон бо дастаи мунтахаби Қирғизистон рақобат намуда, бо ҳисоби 4:0 шикаст хӯрда буд.

Дастаи мунтахаби мардонаи Тоҷикистон оид ба шоҳмот, мутаассифона, дар бозӣ ба муқобили дастаи мунтахаби Словакия бо ҳисоби 0,5-3,5 шикаст хӯрд. Дар ҳайати дастаи мо, ба истиснои мусовии Алишер Каримов се шоҳмотбози дигари тоҷик бозиҳояшонро бохтанд. Аз ин пеш дастаи мунтахаби мардонаи Тоҷикистон оид ба намуди шоҳмот дар ҳайати Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев (бо мӯҳраҳои сафед), Алишер Каримов (бо мӯҳраҳои сиёҳ), Мустафохуҷа Ҳусейнхоҷаев (бо мӯҳраҳои сафед) ва Меҳриддин Шарифов (бо мӯҳраҳои сиёҳ) рақобати дуюми худро бо пирӯзӣ ҷамъбаст намуда, аввалин бор бар дастаи мунтахаби қавии Қазоқистон бо ҳисоби 2,5÷1,5 ғолиб омад.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи бозии навбатӣ дастаи мунтахаби мардонаи кишвари мо ба муқобили дастаи мунтахаби Белгия рақобат мекунад.

Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби яккачини Барбадос қувваозмоӣ мекунад.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 1, 2022 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт