ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Бахшида ба ин сана дар Тоҷикистон Анҷумани VIII маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд» оғоз меёбад

Август 12, 2022 10:12

ДУШАНБЕ, 12.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон аз 12 то 15 август дар Тоҷикистон Анҷумани VIII маҳфили «Ҷавононе, ки  дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд» баргузор гардида, инчунин баргузории барномаҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ ва форуму мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 12 август Рӯзи байналмилалии ҷавонон  (International Youth Day) таҷлил карда мешавад. Ин ҷашн аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ 17 декабри соли 1999 бо пешниҳоди Конфронси умумиҷаҳонии вазирон оид ба умури ҷавонон, ки 8-12 августи соли 1998 дар Лиссабон (Португалия) баргузор гардид, таъсис дода шудааст.

Мувофиқи таҳлилҳои оморӣ, то имрӯз шумораи умумии ҷавонон дар Тоҷикистон 2,9 миллион нафар мебошад, ки 31 фоизи шумораи умумии аҳолиро ташкил медиҳад. Шумораи ҷавонони аз 14 то 30-сола 2,9 миллион буда, синни миёнаи аҳолӣ дар мамлакат 26 ва синни медиалӣ 23 солро дар бар мегирад. Аз соли 2015 то 2020 шумораи ҷавонон 27 ҳазор нафар ё 1 фоиз зиёд шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз рӯзҳои нахустини Истиқлолияти давлатӣ масъалаи ҷавононро дар маркази диққат қарор доданд.

Ба зикри муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Шабнам Раҳимзода, маҳз талошу дастгириҳои Пешвои миллат буданд, ки имрӯз нақши ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ  баръало эҳсос мегардад. Ҷавонон имрӯз соҳиби саводи баланд, касбу кори гуногун буда, дар пешрафти илму техника, ихтироъкориву навоварӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, қонуни асосии ҷавононро қабул кард. Дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»  «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» ва барномаҳои дигар қабул гардиданд.

Ҳамчунин барои дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонону наврасон аз 26 феврали соли  1998  бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, омӯзишгоҳҳо ва коллеҷҳо таъсис дода шуд.

Аз 20 марти соли 2021 Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ доир ба корҳои намоён дар соҳаи илму техника барои олимони ҷавон таъсис ёфт.


Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар мулоқот бо зиёиён ва аҳолии кишвар дар масъалаи ҷавонон даъват менамоянд, ки  ба масъалаи илмомӯзӣ ва касбомӯзии ҷавонон диққати  ҷиддӣ дода шавад. Зеро ҷавонони бетаҷрибаву ноогоҳро ҳама гуна қувваҳои ифротӣ метавонанд ба худ моил сохта, онҳоро барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки сиёсии худ истифода баранд.

Яке аз тадбирҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муттаҳид гардонидани ҷавонони мамлакат — ин баргузории меҳмонии ҷавонон таҳти унвони «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир!» мебошад, ки ҳадафи асосии он васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, шинос шудан  бо фарҳанги ниёгон, урфу одат ва меҳмоннавозии халқи тоҷик, маданияти шаҳрдорӣ, дӯстии ҷавонон, тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию таҳкими сулҳу суботи кишвар мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 12, 2022 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат дар таҳкими мақоми Зан-Модар дар ҷомеи Тоҷикистон нақши намоён доранд
Модар олиҳаи накугавҳар ва азизтарин шахсияти башар аст
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон чун ташаббускори муҳими ҳалли мушкилоти глобалӣ шинохта шудааст
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ. То соати 12:00 шумораи овоздиҳандагон дар Тоҷикистон 59 фоизро ташкил дод
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ. То соати 9:00 шумораи овоздиҳандагон дар Тоҷикистон 22,1 фоизро ташкил дод
Пешвои миллат: «Мусулмони комил бояд ба Ватану миллати худ содиқ ва ба ҳифзи марзу буми он ҳамеша омода бошад»
«ИЛМИ СИНО РӮИ ДУНЁРО ГИРИФТ…». Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар мавриди шаҳомати оламафрӯзи Абӯалӣ ибни Сино
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН МАВРИД ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Барномаи муҳити зисти СММ ба амалҳои фаврӣ дар мубориза бо буҳрони сегонаи сайёра даъват менамояд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Ташаббуси Тоҷикистон барои пешгирии оқибатҳои ҳузнангез дар сайёра хеле саривақтӣ мебошад
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ: «Ман ба афсарону сарбозони далеру шуҷоъ, бонангу номуси Ватан бовар дорам ва бо онҳо ифтихор мекунам»