ДУШАНБЕ, 15.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Гармии шадид, хушксолӣ ва сӯхтори ҷангал – бо чунин ҳолатҳо дар як моҳи охир бисёр кишварҳои ҷаҳон рў ба рў шуданд. Ин дар ҳоле мебошад, ки моҳи июли соли равон сеюмин моҳи гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ ҳисобида шудааст. Дар ин бора дар гузориши Созмони ҷаҳонии метеорологӣ иттилоъ дода мешавад. Ба иттилои манбаъ, ҳаво моҳи июли соли 2022 нисбат ба солҳои 1991-2020 ба ҳисоби миёна тақрибан 0,4°С гармтар буд, вале нисбат ба моҳи июли соли 2019 каме сардтар ба назар расид.
Барои аксари кишварҳои Аврупо моҳи июли соли 2022 хеле хушк буд. Якчанд кишварҳо рекордҳои ҳадди ақали боришро шикастанд, ки ба иқтисодиёти маҳаллӣ ва кишоварзӣ зарар расонида, хатари сӯхтори ҷангалро бештар намуд. Ҳамчунин 90 дарсади офатҳои бузургтарини бист соли охир дар натиҷаи обхезӣ, хушксолӣ ва дигар офатҳои марбут ба об рух додаанд. Бо тез-тез рух додани хушксолӣ одамон дар минтақаҳое, ки аз норасоии об азият мекашанд, вобастагии бештар ба манбаъҳои обҳои зеризаминӣ пайдо менамоянд.
Ба иттилои коршиносони соҳа, пайомадҳои тағйирёбии иқлим имрӯз бори дигар собит намуданд, ки таваҷҷуҳ ба ҳалли ин масоил бояд ҷиддӣ бошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд ҳамчун ҳамраиси Конфронси СММ оид ба масъалаи об дар соли 2023,
Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва «СММ-Об» ҳамчун Котиботи конфронс ният доранд Конфронси оби СММ-2023-ро ба нуқтаи гардише табдил диҳанд, ки тамоми ҷаҳонро барои ноил шудан ба ҳадафҳо доир ба об муттаҳид намояд.
Тафсилоти бештар доир ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва нақши Конфронси соли 2023-и СММ вобаста ба об дар баррасии масъалаи мазкур имрӯз соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии «Сарват»–и радиои «Ховар» бо иштироки роҳбари дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатов дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода ва коргардон Наврӯзи Раҳматулло пешниҳоди шунавандагон мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»