Наврасони пойтахт дар Форуми якуми байналмилалии фарҳангии кӯдакон дар Москва иштирок менамоянд

Август 24, 2022 09:50

ДУШАНБЕ, 24.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе субҳи имрӯз як гурӯҳ таълимгирандагони Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ҷиҳати иштирок дар Форуми якуми байналмилалии фарҳангии кӯдакон, ки 24-28 август дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор мегардад, ба ин шаҳр сафар намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Комилҷон Холов хабар дод.

Форуми якуми байналмилалии фарҳангии кӯдакон дар павилони №57 Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқ (боғи «Русия – таърихи ман»)-и шаҳри Москва доир мешавад.

Дар форуми мазкур зиёда аз 1,5 ҳазор нафар кӯдакону наврасон аз тамоми минтақаҳои Федератсияи Русия ширкат варзида, дар он намояндагони 10 кишвар иштирок менамоянд.


«Тибқи барномаи форум, иштирокчиён дар зиёда аз 60 чорабинии гуногун ширкат меварзанд. Аз ҷумла, дар дарсҳои маҳорат ширкат варзида, бо ҳамсолони худ аз дигар минтақаҳо муошират менамоянд. Инчунин ба воситаи ин форум кӯдакону наврасони ин минтақаҳо бо якдигар табодули таҷрибаи эҷодӣ намуда, бо ҷойҳои ҷолиби диққати Москва ва мавзеъҳои таърихии он шинос мешаванд. Дар ҷараёни форум иштирокчиён бо шахсиятҳои барҷастаи Русия суҳбату вохӯрӣ анҷом медиҳанд»,- гуфт Комилҷон Холов.

Мавсуф иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории ҳамоиш- дарёфти чеҳраҳои нав аз ҳисоби кӯдакони лаёқатманд, ки дар соҳаи фарҳангу санъат қобилияти барҷаста нишон додаанд, инчунин кушодани имконоти нав барои муколамаи байнифарҳангӣ ва намоиш додани дастовардҳои фарҳанги Русия миёни хурдтарин  эҷодкорон мебошад.

Форум ба наврасон имкон фароҳам меорад, ки лоиҳаҳои эҷодии худро дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳод намоянд. Беҳтарин лоиҳа маблағгузорӣ мешавад.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе»

Август 24, 2022 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд